Овони довталабии мо барои дохил шудан ба риштаи ҷурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба оғози солҳои навадуми қарни гузашта рост омад. Мо, чанд ҷавонони навхат тавассути қатораи Конибодом – Душанбе дар фосилаи як шабонарӯз вориди Душанбешаҳр шудем. Ҳарчанд соле аз ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ шуда бошад ҳам, осори яъсу навмедӣ дар чеҳраи мардуми душанбешаҳр намудор буд. Ман, ки дар хонаи хешовандон ҷой гирифта будам, бо фарзанди калонии хонадон ҳар субҳидам барои харидории ду дона нони буханка дар коргоҳи нонпазии шаҳр навбат мепоидем. Вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ воқеан ҳам он солҳо дар қиёс ба деҳҷойҳо дар марказҳои шаҳр нигаронкунанда буд. Бо вуҷуди он, ки серӣ хӯрок намехӯрдем, шабу рӯз паи мутоилаи китоб будем, то орзуҳоямон амалӣ гарданду ба мизи донишҷӯӣ, ки воқеан ҳам он солҳо ифтихор буд, нишинем. Инак рӯзи нахустини имтиҳон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ шурӯъ шуд.   Ба мо дар навиштани иншо чанд мавзӯеро пешниҳод карданд, ки камина бе ягон фикр ё истиҳола мавзӯи “Ватанро дӯст дору бинвоз, то фарзанди азизи он бошӣ”-ро интихоб кардам. Зеро ба ёдам як очерки радиёӣ аз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар омад, ки дар он солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият дар ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд. Ҳар сол дар сари турбати ин ҷавонон, ки барои саодати имрӯзиён ҷон фидо кардаанд, лолаҳо мерӯянд. Дар дабистонҳо аз корномаҳои онҳо мисли қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар мулки Афғонистон ёд мекунанд. Аммо насли имрӯз бояд донанд, ки бар ивази кадомин заҳматҳову ҷоннисориҳо ба чунин шароити созгор, ободу озод расидем.  Дар ин ҷода ба пешниҳоди чанд нафароне, ки дар набардҳои сохти конститутсионӣ қаҳрамониҳо кардаанд, розиям, ки муҷассамаи сарбози даврони соҳибистиқлол дар минтақаҳои кишвар гузошта шавад, то барои имрӯзиён сабақи зиндагӣ, сабақиматонат ва ҷавонмардӣ бошад.

Ҷавонони мо вақте сари чорраҳаи қисмат меистанд ҳатман аз кору пайкори Сарвари давлат ибрат гиранд. Маҳз далерӣ, родмардӣ, меҳроинӣ, хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида, ба камол расонд. Воқеан ҳам таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40 сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбати тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсӣ овард. Ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донанд, ки Ватан дар пушти шонаҳои онҳо қарор дорад  ва агар мисли Сарвари худ  ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халқ қурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, онгоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.

Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои миллат дар яке аз шеърхояш менигорад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони Шумо

Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам

То ба даст овардаам афкори пинҳони Шумо

 Ҷавонӣ воқеан ҳам аёми пуршӯру шар аст. Аёмест, ки ҳар чиро аз ин қишри ҷомеа интизор шудан аст. Ман беҳуда аз хислатҳои ҳамидаи бархе аз ҷавонони солҳои 90- уми асри гузашта ёдовар нашудам. Миёни ҷавонҳои он солҳо буданд ҷавононе, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, айшу ишрати яклаҳзаина камон дар даст чандин оилаҳоро бесаробон карданд. Аз таърих бармеояд, ки аксари майдоннишиниҳои солҳои 90- ум маҳз ҷавонони гумроҳ буданд, ки хоҷагонашон ба онҳо ваъдаҳои зиёд медоданд. Маҳз соддагиву гумроҳӣ  боиси сар  задани низоъ гардид. Маҳз чунин каҷфаҳмиҳо буданд, ки солҳои 1995-1996 дар шаҳри Хуҷанд ҳам назди ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чандсад нафар ҷавонон гирдиҳамоӣ намуда буданд. Ин ҳама бесару сомониҳоро душманони миллат бо истифода аз нерӯи ҷавонон созмон дода буданд. Ин гуна аҳримансифатон ҳоло низ  ҳастанд ва ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хосса ба ҳизби наҳзати ислом, қурбон шудани онҳо дар мулки бегона, ашку надомати волидон ба ин мисол шуда метавонанд. Аз маълумотҳои оморӣ ҳудуди 300 ҷавонони вилоят имрӯз гумроҳона ба сафи гурӯҳи ба ном давлати исломӣ пайваста, иддае аз онҳо ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин ҷавононро нафарони сияҳдил ба маънои томаш манқурт кардаанд. Гӯиё бо ин амалашон хизмате дар роҳи ислом мекунанд. Аммо вақте падару модари чашминтизор, кӯдакони аз меҳри падар дурмондаро мебинӣ лаънат мехонӣ ба чунин «ғамхорони ҷавонон».

Наворе, ки чанд рӯз пеш вобаста ба латукӯби сарбозони нав ба хизмат омада аз ҷониби сарбозони ба истилоҳ “дед” тавассути шабакаи иҷтимоӣ паҳн шуда, шӯру валваларо миёни хонандагон барангехт. Ҳамагӣ амалкарди ҷавонони бедил, бераҳмро маҳкум намуданд. Магар чунин рафтор ба шаъни ҷавони тоҷик мезебад. Охир волидон бо сад азобу машаққат фарзандонро калон мекунанд, то онҳо нигаҳбони миллат, асои дасти онҳо бошад. Пас чаро вазъ дар ин ҷода беҳтар нашавад. Аз ҷониби дигар он нафароне, ки қасдан дар вақти даъвати ҷавонписарон чунин навори кӯҳнаи соли гузашро гузоштаанд, хиёнат ба Ватан карданд. Магар мешавад, ки ҳамаи мо имрӯз аз дастоварде, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди Артиши миллӣ бо меҳр ва ифтихор сухан гӯему якчанд нафарон бо пахши чунин роликҳо нафратро алайҳи нерӯҳои ҳимоятӣ зиёд кунанд. Фаромӯш набояд кунем, ки мо Нерӯҳои Мусаллаҳи кишварро дар шароити хеле вазнин, ҳасос аз сифр оғоз кардем. Чаро чунин нафарон аз дастовардҳои соҳа наворе пахш намекунанд. Магар онҳо осиянд.  Хушбахтона, ҳар амал подоши худро мегирад. Чун фашисттинатон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Аммо нафароне, ки ин наворро на аз рӯи ҳиси раҳм, балки аз рӯи миллатбадинӣ, ноттавонбинӣ паҳн кардаанд, бояд донанд, ки таърих инро нахоҳад бахшид. Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин аём ин аёми ҷавонист.

Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол воқеан ҳам ҷавонони хушбахтанд. Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод, такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик бо либоси хубу шинам дар қисмҳои низомӣ бо ифтихор хизмат мекунанд, вақте ҷавонони мо дар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунаду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи аём ворид мешавад, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони зери 16- солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо зафар баргаштаанд. Ин пайки шодӣ дарак аз тинҷиву ободии меҳани азизамон медиҳад

Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони ободу тинҷӣ умр ба сар мебарем ва аҳсант мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз эътимоду боварии калон  доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо ба олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи олӣ то ба 42 адад расонидани онҳо худ далолати гуфтаҳои болоист. Гузашта аз ин дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Сарвари давлат башорат медиҳад.

Соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии  ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мо ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат барои ҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро  ҷавонони мо аз ҳар вақта дида беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа ҳис намуданд. Бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр кӯшиш варзиданд. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат махсусан ба донишҷӯён зиёд буда, дар симои ҳар яки онҳо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хоссатан рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология ниҳоданро Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш таъкид месозанд. Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин аз сатҳ сифати тарбияи ҷавонони соҳибмарифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Воқеан ҳам чун нек назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии чор ҳадафи стратегӣ қарор дорад. Ба хоҷагии халқ имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика,  сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозу телекоммуникатсия, дизайнер чун обу ҳаво  зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд. Бо ин васила ҳам зиндагии худро таъмину ҳам барои ободии диёр, Ватани худ саҳмгузор хоҳанд шуд.

 

 

Президент соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем. Аз гузаштаи пурғановати миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш ифтихор намоем ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо миллати ҳунарофар ва зебоиофар будем ва ҳастем. Ва бо вуҷуди кӯҳсор будану камзамин будан метавонем ҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.    

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд