Ба ҳамаи мо аз расонаҳо маълум аст, ки як гурӯҳи хоинони давлатамон дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар зидди кишвари худ санггпартоӣ мекунанд. Ва ҳаммаслакони худро ба кор меандозанд. Ин нохалафон дар шабакаҳои интернетии ютубу дигар сомонаҳо ба паҳн кардани ҳар гуна хабару иғвоҳо ва суханрониҳои беҷоя машғуланд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бонагу номуси тоҷик гуфтаҳои иғвоангези хоинони миллат аҳамият намедиҳанд ва намегузоранд, ки ба миллати хеш газанде бирасад.

     Ифтихор аз он дорем, ки  миллати тоҷик мо бо нангу номус ва ҷасорату матонати худ марзу буми хоки аҷдодии хешро ҳифз менамоянд ва намегузорем, ки нохалафе тинҷию осудагии моро халалдор намояд.

  Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд