Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғу найранг ва дасисаҳои фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва исломгароии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш кард ва то кунун аз таъсири бади он ранҷ мебарад.

Масъалаҳои ҳифзу ҳимояи марзу бум, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи умумияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як ҳизб буда, ҳамчун вазифаи муқаддаси ин ташкилоти сиёсӣ мебошад. Ҳамин  таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардум нисор мешуд, ки имрӯз барои ҳукмрониаш тамоми мардум овози худро додааст. Ба ҳизбиёне, ки ба миллат ҷангу ҷидол меоваранд, албатта ба касе лозим намеояд. Гарчанде, ки як ташкилоти сиёсиву давлатӣ дар ниҳодҳои худ манфиатҳои давлату миллатро бояд дар бар гирад ва барои муҳофизати он бояд талош намояд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони ҳизби наҳзат фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи аъзои ҳизби наҳзатӣ ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгуншавии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Аммо ин кӯрдилону носипосон бар ивази шукри миллати озоду обод, арзишҳои миллатро зарба задан два дастовардҳои онро нодида гирифтанд. Гузашта аз ин амлаҳои ифротии хеш тасмим кардаанд, ки бо ҷамъи ҷонибдорони худ аз кишварҳои ғарб истода, тазоҳуроту гирдиҳамоии харарктери ифроти доштаро ташкил кунанд. Бо мардум бо лафзи дурӯғ гуфтугӯҳои онлайни барпо менамоянд. Ба хотири он, ки ба сифати кори мақомот латма зананд. Аммо ба ин дасисаву ҳангомаҳои нобаҳангоми наҳзатиҳо касе бовар намекунад. Вагарна чаро ин нохалафон махфиёнаю гургона сухан мекунанд. Агар мардуми кишвар нисбати мухолифон заррае умеди эътимод медошт, каме бобати қатъи фаъолият меандешид. Фаъолияти таҳрибкорона ва иғвогаронаи эшон буд, ки қариб мардуми кишвар ба ҳодисаи даҳшатбори асри гузашта рӯ ба рӯ гардад. Ин нобакорҳо гумон мекунанд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд.

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд. Иҷозат намедиҳем, ки исломи покро олуда сохта аз номи ислом бар зидди ислом мубориза баред. Кабирӣ масъалаи дигаронро як сӯ гузору барои андешаи солим талош намо. Вагарна рӯзе мешавад, ки дигар пайравони паймонхоҳонат низ аз разолату ҷаҳолат ва фиреби ту мисли Шарофиддин Гадоев ба Ватан омадан замон роҳ сӯи мақомоти пулис хоҳанд гирифт. Албатта,  хело вақти кам мондааст, ки бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Ва айбдоркуниҳои тӯҳматбори наҳзатиҳо низ нисбат ба сифати кори мақомот хотима хоҳад ёфт.

Гулчеҳра Муллоусмонова,

устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ