Ҳар яки мову шумо огоҳ ҳастем, ки ҷаҳон имрӯз дар раванди тараққиёти технологӣ қарор дорадва ҳар як кишвари олам мехоҳад, ки ҳамқадами замон бошад ва мкрдумаш низ аз он истифода баранд. Тоҷикистон низ аз зумраи он кишварҳое, мебошад, ки дар асри 21- бештар технологияҳои мусирро дар раванди давлатдорӣ истифода бурда истодааст. Шаҳрвандон низ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳо васеъ истифода намуда ҳамқадами замон гардида истодаанд. Ҳастанд гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки барои ноором сохтани кишварҳои тамоми олам нақшаҳои муғризона кашида, аз паи амалинамудани онҳо мегарданд, ва аз барои он  ватану миллати худро мефурӯшанд. Муҳиддин Кабирӣ яке аз чунин нафарон буда аз вазъиятҳои баамаломадаи Қазоқистон ва  санаи 28 –уми январи соли равон дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон  ба ҷонибдории гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ  намуда ҳукумати кишвари моро танқид намуд, ки ин далели хиёнаткории онҳо мебошад. Хиёнат ба ваттану миллат гуноҳи нобахшиданист. Ҷавонони бо нангу номус ва миллатдӯсти моро месазад, ки ҳисии хештаншиносиро боз ҳам баланд намуда барои ободии ватани худ тамоми нерӯ ва тавоноии хешро сарфа намоянд. Манфиатҷуии ин гурӯҳи муғриз моро водор мсозад, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода боз ҳам ҳушёр ва огоҳ бошем, то андешаҳои худноогоҳон ва ватанфурӯшон майнаи сари моро олудаи ҳар гуна ақидаҳои палид насозанд. Саривақт ба онҳо ҷавоби дандоншикан диҳем.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд