Рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарии иғвоангез ва ҷамъкунандаи ахбори мардумфиреб гирдиҳамоӣ задани наҳзатиён паҳн гаштааст. Бо баргузории ин “намоиши муборизони роҳи озодӣ” наҳзатиён фикр карданд, ки муҳоҷирони тамоми гӯшаву канори Аврупо муттаҳид гардида, муқобили ҳукумат мебароянд. Аммо ин тасаввурот ва хаёле хоме беш нест. Ин масхарабозӣ бо ташаббуси худи Кабирӣ ва тарафдорону лагандбардорони ӯ барпо гардид. Аммо чӣ суд аз баргузории ин маъракаи бемаъно?

Наҳзатиёни кӯр, нобиноёни пешравии давлату миллати тоҷикон аз ободиву озодии кишвар, соҳибистиқлолии Ватан ва тараққиёти Тоҷикистон, аз хушнудӣ ва рӯзгори ободи халқи меҳнатдӯст дар канор ҳастанд. Онон ҳатто тасаввур намекунанд, ки чунин давлати хатари нестшавӣ дошта чӣ тавр аз доми ҷангу ваҳшоният халос ёфт. Чӣ гуна аз вартаи марг наҷот ёфту имрӯз мисли оне, ки ҷангро надидааст, рушду нумуъ дорад.

То ҳол ин “озодихоҳони пешравии давлат” орзуҳои хом доранд. То ҳол фикр доранд, ки касе ба дастаи 10-15 нафараи онҳо ҳамроҳ гардида, заррае ҳам онҳоро дастгирӣ мекунад. Аммо ин танҳо хобу хаёл, орзуҳои ширини Кабирӣ асту халос. Кадом шахси солимфикр ба чашми ҳамватанони худ хок пошида, фирор мекунаду аз ким-кадом гӯшаи ҷаҳон монанди муши гуреза бар муқобили Ватани худ мебарояд? Ҳеҷ як нафари ғурури ватандорӣ ва ифтихори миллӣ дошта, шахсияти комиле, ки сиёҳро аз сафед фарқ мекунад, аққалан фикри шунидани номи наҳзатиёни лаънатиро надорад. Он нафароне, ки оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳанд, хатои маҳз мекунанд. Махсусан, ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар истода, роҳи иғворо пеш гирифтааст. Аммо бо ин гуна дурӯғу сафсата онон ҳеҷ ба пеш намераванд. Онҳо бо гирдиҳамоӣи худ исбот намуданд, ки худ аз уҳдаи ҳеҷ коре баромада натавониста, аламашонро аз Ҳукумат гирифта истодаанд.

Баргузории “гирдиҳамоии бузург”-е, ки талаботҳои амалинашавандаро ба миён оварда, мардумро гумроҳу беақл гумоштааст, Тоҷикистонро заррае ҳам ба таҳлука наовард. Агар наҳзатиён мардуми моро содаву гумроҳ фикр кунанд, вой бар ҳоли худи ин бесаводону гумроҳшудагон.

Тоҷикистони ҷавону ба пеш рафтаистода аз ҳеҷ душмане наметарсад ва нахоҳад тарсид. Ҳеҷ як гуруҳҳои “номдор”-и аз 10 нафар иборатбуда аз хориҷи кишвар наметавонад Тоҷикистони бузургро тарсонида, амалҳои бади худро амалӣ гардонад. Зеро имрӯз тоҷикону Тоҷикистон Пешво дорад. Имрӯз Тоҷикистон пуштибону пайрав дорад. Халқи тоҷик пайрави фарзанди бузургмарди сарзамин мегардад, ифтихор ва ҳисси ватандориашро баланд бардошта, намегузорад, ки пойи адӯ ба зодгоҳаш  расад.

Каримов И. Р.,

устоди факултети информатика

ва энергетикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд