Сарвари собитқадами миллати тоҷикон, Пешвои мардуми сарфарози тоҷик дар яке аз паёми хеш бо боварии том ба мардуми қавииродаи ориёитабор иброз намуданд, ки: “Ман итминон дорам, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, бонувони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳар як фарди меҳандӯсти кишвар ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат мекунанд ва бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд.

Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Тавре барои мо маълум аст дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти халқамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Хушбахтона, мо ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо сарвари давлат ва ҳукумати кишвар бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи қадамҳои устувор хоҳем гузошт.

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем. Ин суханҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ба хотири фазои оромиро ба мардуми мамлакат муҳайё намудан чи қадар абармардони ватанпарвару худогоҳи миллат ҷонфидои намудаанд.

Хоса барои он нафароне хоин ба мисоли наҳзатиёни ватанфурӯш нишон хоҳем дод, ки мо то чи андоза ватандӯсту меҳанпараст ва хештаншинос ҳастем. Нишон медиҳем, ки мо барои ҳифзу ҳимояи як зарраи ин хоки муқаддаси диёрамон ҳатто аз ҷони хеш гузашт менамоем. Зеро ин марзи муқаддас Ватани мост – модари яктои мост.

Тошхӯҷаева М.И. – устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд