Аз рӯзе, ки инсон ақли худро мешиносад, дар талош ва сайъи зиндагии пурсаодат қувваи худро масраф менамояд. Вобаста ба матлаби болоӣ заҳмату кӯшиши ҳар як кас ба миён меояд ва дар талаби бахт, хусусан бахти накӯ мувофиқи ҷаҳонбинии худ талош меварзад. Барои ба даст овардани хушбахтӣ ҳар кас қувва сарф намуда гавҳари мақсудро ба каф оварданист. Ман дар зиндагӣ бо шахсе вохӯрдам, ки ин шахсияти хирадманд, дар вақти сӯҳбат ба ман гуфт, ки бахт ва ё хушбахтӣ дар кафи дасти худат мебошад. Агар ту ақлатро кор фармоӣ ва аз рӯи хирад, мизони андешаву тадбир амал намоӣ бахт насибат мешавад. Агар нисбати худ бепарвоӣ, беаҳамиятӣ намоӣ, кӯтоҳбинию, кӯтоҳназарӣ намоӣ бахт аз ту мегурезад ва умри худро бо яъсу ноумедӣ, шикваю андӯҳ мегузаронӣ. Бисёр мешавад, ки шахсиятҳо нисбати бахт аз Худо нолиш мекунанд, ки ба онҳо бахт надоду дар натиҷа дар азобу машаққат, муносибату нокомӣ умр ба сар мебаранд. Ба фикри ман сарчашмаи бахтро ба даст овардан пеш аз ҳама меҳнат мебошад. Меҳнатдӯстӣ, кӯшишу ғайрат, сарф намудани қувва ба ҷои даркорӣ ва судманд, инсонро хушбахт  менамояд. Басо мешавад, ки бо танбалӣ ба сояи дарахт бекор мехобему соҳиби тамоми дороиҳо шудан мехоҳем. Дар урфият мегӯянд, ки “Ба умеди Худо нашаву буттаро дор”, ки ин ҳикмат бесабаб нест. Имрӯз бубинед шахсиятҳое, ки соҳиби сарват, молу макон, обрӯву эътибор гардидаанд, барои худ шароити хубро фароҳам намудаанд. Меҳнат менамоянд, шабу рӯз, кам мехобанду заҳмат мекашанд, арақи ҷабин мерезонанд.  Халқи тоҷик мақоле дорад, ки он ба фикри ман беҳикмат нест. Худо гуфтааст: “аз ту ҳаракат аз ман баракат”.  Касе ки ҳаракат мекунад, меҳнат менамояд, Худо ба ӯ бахтро медиҳад ва ҳама тавоноӣ, хушиҳои зиндагиро ба вай насиб мегардонад.

Дар таҷрибаҳо ҳар яки мо чӣ ҷавону чӣ пир дидем, ки замине, ки ба он меҳнат карда нашудааст, шудгор надидааст, коркард намудааст, нуриҳо надорад, ҳеҷ хел ҳосил дар он намерӯяд ва соҳибаш бо дасти хӯша мегардад.

Ҳаёти занбӯри асалро аз назар гузаронед, ки ин пури ҳикмат ва шоистаи ибрат, аз гуле ба гуле мешинад, беҳисоб, гард мегирад, асал месозад барои инсон аз ин рӯ мукаррам аст ба инсон ҳарчанд инсонро газаду нороҳат намояд, ҳам парвариш менамоянд, ғамхорӣ менамоянд дар ҳаққи ом. Ё мӯрчаяки оддиро гиред, ки бо иттифоқӣ, нерӯи мардонагӣ заҳмат мекашад шабу рӯз, то ки мӯҳтоҷу ниёзманд набошад ва ба гадоӣ ба ради каси дигар наравад.

Бо ин мисолҳо гуфтанием, ки меҳнат ба инсон бахтро эҳдо менамояд. Дар зиндагӣ бо одамони гуногун вомехӯред. Ҳаёт худ як мактабхонаи бузургист, ки ҳар яки мо ба қадри ҳол бардоште сабақе мегирем, ки ин дарси ҳаёт ба мо тамомӣ умр дар зиндагӣ кӯмак менамояд. Мебинед нафаронеро, ки бо сару либоси олуфта бо асбобу ашёи олии мактабӣ ё  донишгоҳи ба мактабу муассисаҳои таълимӣ ҳар рӯз рафта меоянд, аммо дар талош ва сайъи дониши тамоман беҳавсалаанд, меҳнат намекунанд. Ин гуна нафарон аз чорво ҳайвон ба гуфтаи Саъди камӣ надоранд. Агар Шумо фарз кардем ба гардон як китобмонанд чанд китоберо баста пагоҳ ба ҷарогоҳ фиристонед, он чорвои Шумо бегоҳ бо он китобҳо бармегарданд. Барои илм омӯхтан ҳам меҳнат кардан зарур аст, ки ин фазилат бе доштани муҳаббат бе илму дониш ба кас муяссар намешавад. Бедили бузургвор гуфтаанд:

Чини қудурате ҳаст, бар ҷабҳаи нигинҳо,

Таҳсили номдорӣ бе дарду сар набошад.

 Аз ин рӯ муовофиқи ғояи ин шеър ман ба донишҷӯён муроҷиат карда мегӯям, ки барои аз худ кардани дониш сахт меҳнат кардан зарур аст. Ба маврид аст ҳикоятеро аз Сино гирем. Ин устоди бузург мувофиқи ҳикояти саргузашташ асареро 40 (чиҳил) маротиба мехонад, аммо аз он чизе фаҳмида наметавонад. Ниҳоят ӯ рӯзе аз бозор мегузашт, атторе ӯро даъват карда мегӯяд:

Эй фалонӣ ин китобро харидорӣ намо, соҳибаш мариз аст, ба пул мӯҳтоҷӣ дорад ва табобат карданист. Абӯалӣ он китобро мехарад. Китоби мазкур “Шарҳи Уқлидус” – ӣ Фаробӣ будааст. Баъди як маротиба хондани ин китоб устоди бузург Сино чил бор хонда нафаҳмидаашро ба як бор мутолиа кардан мефаҳмад ва гӯё ба мӯҳтоҷон ба шарофати фаҳмиданаш садақа медиҳад.

Имрӯз ҷавонони мо барои як бор хондан ҳам ё хушашон намеояд ё вақт намеёбанд ва хоҳиш доранд, ки мазомини китобҳо худашон бемеҳнату заҳмат ба каллашон ҷо шуда, ба имтиҳонҳо сазовори обрӯву эътибор гарданд. Мақсад аз овардани матолиботи болоӣ ҳушдор додани ҷавонон мебошад, ки бемеҳнат соҳиб шудан ба бахт асло муяссарашон намешавад.

Бахти хуш насиби касе мегардад, феълу хӯи хуб, рафтору кирдори писандида забони ширин, ахлоқи ҳамида дошта бошанд. Рафтору кирдори бешуурона, беандешаёна дари мусибату ғурбату андӯзро ба соҳибаш вомекунад. Бинобар ин мо рафтору кирдори худро ба меъёри одамият мудом баркашида муносибат намоем. Шахси беандеша, хушзабон, хушодоб, дурандеш, дурбин мудом бахтёр аст. Ояндаро имрӯз дида тавонистан бахти азим, на ҳар кӣ метавонад ояндаро бо назари оянда имрӯз дида тавонад. Дида тавонад, ки кадоме ки имрӯз ба замин мегузорад, ба куҷо мебарад ва ин роҳ чӣ нишебиҳову фарозиҳо, чӣ мушкилиҳо дорад ва ин мушкилиҳоро рафъ карда метавонад ё не.

Ҳазрати Бедил фармудаанд:

Чист иқбол Дурбин будан,

Осмон доштан, замин будан.

   Риояи мактаби болоӣ инсонро ба мамлакати хушбахтӣ ворид менамояд, ки Ҳазрати бузургвор мегӯянд, ки бахт чист? Ояндаро ба назари оянда имрӯз дидатавонистан, инсон соҳиби мартаба бошад ҳам бо баробари он хоксор бояд бошад.

Имрӯз аз рӯзгори ҳаррӯза бубинад хушбахтиҳо саршори хуррамҳову бадбахтиҳо, гирифтори дарду бало, асири ғаму андӯҳу нолаи бумсадо ба назар мерасад.

Бинобар ин ба ҷавонон муроҷиат карда мегӯям, ки чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ. Аз ин рӯ ман чун устоду омӯзгор таъкид менамоям, ки дӯстони ҷавони ман бештар ба меҳнат руҷӯъ 

намоянд, меҳнатдӯст бошанд. Вақтро бо сарфа сарф намудан ҳам нишони хушбахтӣ аст. Иҷрои ҳар як амал вақт ҳам мехоҳад, вақти қиммат ва баҳисобу китобро беҳуда сарф намудан низ бадбахтӣ мебошад, ки нафарони зиёд вақтро аз даст медиҳанд ва дар фурсати кӯтоҳ муваффақ шудан мехоҳанд ба гавҳари мақсуд ба каф овардан. Масалан давоми фасли омӯзиши бепарво мегарданду дар чор рӯзи кӯтоҳ ба имтиҳон тайёр шудани мешаванд, ки ин мушкилӣ роҳи хасосхӯрӣ надорад. Одами хушбахт дӯст аз душман шинохта метавонад, аммо одами бадбахт ба душман фирефта мешавад ва умри худро гирифтори ҳурбату мусибат ва нокомию номуродӣ мебошад.

Бесабаб нест, ки гузаштагони хирадманди мо гуфтаанд:

 Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ адаб харӣ арзон аст,

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Гӯй, ки адаб тоҷи сари инсон аст.

 Чизе дигаре, ки нишонаи хушбахтист, ин тансиҳатӣ ва хотири ҷамъ мебошад.

Тансиҳативу хотири ҷамъро бо хазинаи бузурги олам харидан номумкин аст.  Инсон бо ақлу закии хеш ба ҳифзи саломатиаш бояд, ягон сония бепарвоӣ накарда заҳмат ба харҷ диҳад, зеро агар саломатиро гум намояд, барқарор намуданаш чӣ душвори душвор аст. Бинобар ин ба саломатӣ эътибори хоса додан ниҳоят зарур аст. Хотири ҷамъ ба ҳар кас роҳандози муваффақиятҳост. Агар хотиратон ҷамъ бошад, Шумо метавонед, чизеро эҷод намоед, биофаред, ба тамоми соҳаҳо ҳиссагузорӣ намуда метавонад. Агар танатон ранҷур хотиратон ноҷамъ бошад наметавонед, чизе биофаред ё эҷод намоед.

Шоир Таскини Хуҷандӣ гуфтаанд

Тан сиҳат бошад, агар хотир ҷамъ,

Дон, ки Луқмону Сикандар аз ту кам.

Бобоев М.У.

мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент