Имрӯзҳо хавфи амнияти миллии Тоҷикистон ин ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад. Чандин сол аст, ки ин зуҳуроти номатлуб ҷаҳони муосирро такон медиҳад. Дар асл дар зери  калимаи «террорист» мафҳуми бесавод, беандеша, беватан бе дину мазҳаб будани шахсе фаҳмида мешавад, ки ҷисман одам метавон номиду аммо оянда надорад. Ин гуна ашхос хоини миллат ва душмани давлат буда, дар ҷамъият мавқеъ надорад ва дар охир аз беандешагии худ  пушаймон мегардад.

Терроризм зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, ба мисли қатлу куштор, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногун,  рабудани  воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

     Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Ва мо ба хубӣ огаҳӣ дорем, ки ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш дорад.

Амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон рўз аз рўз оромию осоиштагии мардумро халалдор карданӣ мешаванд, имрӯзҳо ҳамагонро ба ташвиш меорад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилотҳо бо амалҳои бешарафонаю ноинсофона ва сиёҳдилонаашон мехоҳанд мардуми осоиштаро бо ҳам ба иғво андозанд. Тухми кинаву адоватро нисбати халқу ватан хусусан, дар вуҷуди ҷавонон кишт кунанд. Онҳоро ба доми худ кашанд, раҳгум намоянд, ба кўчаи сарсониву саргардонӣ ҳидоят кунанд.

Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон бештар доман паҳн мекунад ва тақдири ҳазорҳо ҷавонон қурбони беадолатиҳо мегарданд.

Аз ин лиҳоз, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва беамон мубориза баранд.

Бешубҳа, пешгирӣ намудани ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон назар ба рафъи оқибатҳои нангин ба маротиб фоидаовартар аст. Тарбияи таҳамулпазирӣ дар байни ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, муносибати таҳаммулпазирӣ нисбати одамон, сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, молу мулкашон, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву фахри миллӣ ва дар ниҳоди онҳо коштани меҳр нисбат ба ватан, фарҳанг ва меҳнат вазифаи ҳар як шахси ватандӯст мебошад.

Ҷавонони мо бояд донанд, ки дин аз давлат ҷудо аст.  Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом - бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Барои ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз ҷумла маърифати ислом  кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳали зистамон фаъолияташонро пеш баранд.

Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибор аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву милли тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури  ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.

Аз иқтидори зеҳнии олимони кишварамон истифода бурда, ба мардум, хосатан ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ислом  мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Бояд сидқан баҳри ба ҳадаф расидан толош варзем, ҷавонону насли наврасро аз равияҳои номатлуб ҳимоят намоем. Ҷавононро, ки ояндасозӣ миллати мо ҳастанд, аз гумроҳӣ бозмедорем

Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри равона сохтани ҷавонон ба варзиш, донишомӯзиву касбомузӣ шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. То ҷавонону насли наврас дорои рӯҳияи баланди ақлониву ҷисмонӣ тарбият ёфта, дар зиндагӣ роҳи некӣ худро дошта бошанд ва саҳми босазои худро гузошта тавонанд, баҳри халқ ва ватани худ хизмат намоянд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд. 

Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерўмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар шароити печдарпечи имрӯзҳо сайёраро фарогир вазифаи ҷонии мо - пиру ҷавон, ҳар як фарди бонангу номуси миллат он аст, ки ҳама паҳлўи  ҳам барои ободии Ватани азизамон саҳми худро гузорем. Худшиносу ватандўст бошему фирефтаи ҳар гуна дасисабозиҳои хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрӯзҳо онҳо аз берун истода кўшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо бояд ҳаминро дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркорӣ гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иғвоангезандаи ин гурӯҳҳои xиёнатпеша намешавем.

  Мо – мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз фазои озоду обод, ифтихор аз сулҳу оромии кишвар дорему  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ шуморида, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми худро мегузорем.

Тоҳиров Т.И., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд