Шукри истиқлолият, ки дар ин даврон Тоҷикистон  аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, миллати тоҷик бошад,  дар қатори дигар миллатҳо ҷойгоҳи амиқи худро байни миллатҳои дигари ҷаҳон пайдо  намуд. 

Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Боиси хурсандию сарбаландии миллати тоҷик ва Тоҷикистониён аст, ки тўли 27 сол аз партави Истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шўълаи ҳаётбахши он, рўзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рўзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон равшантару пуршукўҳтар гаштааст.

Аммо чашми бархе аз кӯрдилону нобакорон ин пешрафту тараққӣётро нодида гирифта, онҳоро мавриди покӯбӣ қарор доданианд. Наҳзатиҳо бояд ҳар кадоматон донед, ки дар ҳақиқат барои боис шудан ба ин муқаддасоти миллӣ заррае ҳам талош накардаед. Ин аст, ки беихтиёр майли аз байн бурдани онро мекунед. Вале хуб донед, ки ин мақсадҳоятонро дар хобатон амалӣ ҳоҳед кард. Зеро мардуми тоҷик бо муттаҳидиву дастаҷамъишон барои барҳам додани хурсандии ҳатто як нафар аз мардуми тоҷик бароятон иҷозат нахоҳанд дод. Он сиёсату сиёсатбозиҳои кӯр – кӯронаатон дар гузашта монд. Он амалишавии хоҳишу дархостҳоятон замоне буд, ки касе фаъолияти зиддидавлатиатонро намедонист. Ҳоло чун як фарзанди инсон амал кунеду ба он сафсатаҳои бемаъно хотима диҳед. Гирдиҳамоии ташкилкардаатонро дидам. Дар асл ин бечорагиву дар ба дарии шумо наҳзатиҳо сазои хиёнаткориҳост. Ташкили гирдиҳамоиву воҳимаи Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи Амрико ва пайгирии сиёсати Пешвои миллат, тӯҳматҳо бобати ба танзим даровардани ҷашну маросим ва маъракаҳо ин аз ноилоҷиву беҳудагист.

Ба Майкл Помпео, вазири хориҷаи Амрико гуфтаниам, ки боре вазъи миллати мо ва кишвари худатро мавриди тақозо қарор деҳ пас мебинӣ, ки ҳалати кадом давлат бояд нигаронии хос дошта бошад. Маълум, ки кадоме аз он ҷангҷӯёну ҷангпарастон, хоҷагони наҳзатиҳо киссаи Майкл Помпео, вазири хориҷаи Амрикоро бо подоше ба хотири ворид кардани миллати мо ба рӯйхтаи сиёҳ пур кардааст, ки чунин тасмим гирифтааст.

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлолу озод бошад, мардум тинҷу осуда умр ба сар бурда истода бошанд. Сарваре доранд, ки ҳамеша ба хотири пешравию некӯаҳволии мардум талош намоянд, пас чаро Тоҷикистон давлатест, ки мавриди нигаронии хос қарор гирад.

Боиси хурсандист, ки дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мардуми волофарҳанги Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надода, фарзандони арзандаи худро ба органи олии қонунбарор хамчун Пешвои муаззам интихоб намуд. Мо хама дастгиру пайравони Пешвои миллатем, чун Пешвои миллат ҳамавақт бо мо мардумони босаодати диёранд. Ва барои пойдор намудани озодиҳои мардум аз ҳар ҷиҳат хизмати арзанда кардаанд.

Ф. Ҳасанов, устоди кафедраи молияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд