Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократие, ки сол аз сол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон тараққӣ карда истодааст.

Сатҳи  иқтисодӣ ва иҷтимоии он мунтазам рушд намуда ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал ёфта истодааст. Яке аз муаммои муосир, ки барои пешравии ин омилҳо монеа меорад – ин коррупсия ба ҳисоб меравад.

Ин муаммо бевосита ба сатҳи озодии иқтисодӣ, сатҳи некӯаҳволии ҷамъият, пешрафти соҳаи иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида, монеаҳои ҳалталаби зиёдеро ба вуҷуд меорад. Инчунин боварии шаҳрвандонро ба давлат коста гардонида, табақаҳои камбизоатиро аз ҳуқуқҳои шахсиашон маҳрум месозад. Бинобар он яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳар як давлат ин пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия ба ҳисоб меравад.

Коррупсия – ин ғайриқонунӣ истифода бурдани мансаб ё мавқеи мансаби шахс ба манфиати шахсӣ ё манфиати шахсони дигар бо мақсади ба даст овардани неъматҳои моддӣ ё ғайримоддӣ, инчунин пешниҳоди ғайриқонунии чунин неъматҳо мебошад.

Асосан сабаби ба вуҷуд омадани коррупсия ба дараҷи пасти саводи ҳуқуқии аҳолӣ - надонистани қонунҳо аз ҷониби аҳолӣ барои шахси мансабдор ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз бисёри аз шаҳрвандони мамлакат даст ба ҷиноят зада, ҳуқуқи инсонии худро поймол мекунанд. Ҳар як шахс бояд донад, ки ҷазо ба чунин ҷиноят сахт буда, ҳатман ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад. Бинобар ин он шахсе ки дониши баланди ҳуқуқӣ ва фасоди бошуурона дорад, ҳеҷ гоҳ ба ин ҷонаят даст намезанад ва ёру дӯстони худро аз ин роҳ эмин нигоҳ медорад.

Ҳар як кишвар барои аз байн бурдани ин намуди ҷиноят ки он ба вабои аср мудабаддал гардида истодааст,  талош бурда, барои паст кардани савияи он тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст. Зеро коррупсия ҳамчун як падидаи номатлуб таъсири худро ба тамоми қишри ҷомеа мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз давраи ба даст овардани истиқлолият то имрӯз бисёр чорабиниҳо дар ин самт амалӣ карда шуда истодаанд. Ба монанди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд.

Ҳамин тариқ пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия аз бисёр омилҳо, ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо он зуҳурот вобаста аст.

Аюбова Фарида Азимҷоновна

ассистенти кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ