Тоҷикистон дар масири 30 – соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, шикастанҳову сӯхтанҳо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз дар ҷомеа  суботи комили сиёсӣ таъмин аст. Ин ҳама пешравию муваффақиятҳои самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради мардум рӯи даст омаданд. Аммо дар ҷомеаи имрӯз ҳастанд нохалафону бадбинон, бадкешону нотавонбинон, ки чашми ҳақбин надоранд, камтарин мушкилоти ҷомеаро тавре паҳн мекунанд, ки гӯиё мусибати калоне ба сари миллат омада бошад ва бо дархости хоҷагони берунаи худ барои бадном намудани давлат ва миллат саъю талош меварзанд. Ин гуна аҳримансифатон қодиранд, ки ба хотири манфиатҳои хеш ҳатто Ватан, Модар ва миллати хешро фурӯшанд.

Амали ноҷавонмардонаи аҳримансифатон боис бар он гардидааст, ки бо истифода аз амалҳои хакерӣ, шикастану ба даст овардани рамз  ба саҳифаи фейсбукии  мардум ворид шуда, аз номи онҳо дар саҳифаи “Озодандешон” ҷумлаҳои иғвогаронаро миёни омма паҳн намоянд. Навиштаҳои онҳо ба мантиқ рост намеояд, зеро мардум сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллатро куллан дастгирӣ мекунанд ва ифтихор аз он доранд, ки сарварии давлатро шахсияте бар дӯш доранд, ки маҳз ба миллат саодат овард ва онро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид..

Ин амалкарди душманони миллат ҳаргиз ирода ва масъулияти мардумро дар назди халқу Ватан намешиканад, баръакс моро боз ҳам муттаҳид ва сарҷамъ ва муҳиматар аз ҳама қавитар дар атрофи Пешвои муаззами миллат мегардонад.

Лаънат ба хоинон, лаънат ба кӯрдилон, лаънат ба носипосон!

 

Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд