Дар сомонаи «Ислоҳ. нет» мақолаеро бо номи «Ҳиҷоб» хондаму қалам ба даст гирифта, ин мақоларо навиштам. Дар он ҳиҷобро шрму ҳайёи занона унвон кардаанд ва онро  либоси миллӣ донистанд. Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Чумҳурии Маврикий гузашт, номинатсияи “Санъати гулдӯзии чакан дар Чумҳурии Тоҷикистон” расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги  ғайримоддии ЮНЕСКО сабт карда шуд.

Чакандӯзӣ, яке аз намунаҳои ҳунарии гулдӯзии тоҷикон буда, аз даврони куҳан то имрӯз боқӣ мондаву асрори дониш ва завқи зебоипарастии занони ҳунармандро инъикос мекунад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар санъати чакандӯзӣ маъмул аст. Инчунин арзиш ва мақоми атласу чакан рӯз то рӯз байни ҷавондухтарон баланд шуда истодааст. Аз ин ҷиҳат талабот ба чунин либосҳои шинаму базеб то рафт зиёд шуда, хоҳишу дархостҳо ба либосҳои зебои тоҷикӣ зиёд гашта истодааст. Ин ҳунар тахаюлоти занону духтарони тоҷик буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ ба зиндагии онҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Чакандӯзӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши дӯзандагӣ таърихи тӯлонӣ дошта, ба рушду нумӯи санъати гулдӯзӣ таъсири зиёд расонидааст ва аз қадим куртаи чакан, атласу адрас ҳамчун либосҳои миллии тоҷикон дар ҳар хонавода мавҷуд аст. Либосҳои миллие, ки дар кишвар дӯхта мешаванд, ба мисли чакану атласу адрас, дар тамоми ҷашну маъракаҳои анъанавӣ, сиёсӣ, фарҳангии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ низ истифода мегарданд. Орзуву ормон ва тахаюлоти бою рангини занони ҳунарманд рӯи пироҳан бо андешаҳои мухталиф насб мегарданд, ки дар он шодӣ, бахту саодатро метавон эҳсос кард. Бояд мо ҷавондухтарони имрӯза таърихи қадимаи худро дарк намуда, бо ба бар кардани либосҳои миллии худ – чакану атлас, ҷаҳониёнро мафтун созем, Тоҷикистонро муаррифӣ намоем. Чакан таърихи дуру дарозро аз сар гузаронида, бо густариши давраҳои гуногун нақшу аломатҳояш тагйир наёфтаанд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар санъати чакандӯзию атласбофӣ ҳам бо роҳи гулдӯзии дастӣ ва ҳам попурӣ пайваста инкишоф ёфта, дар намоишу чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ баҳои баланд гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар омӯзиш ва пешбарии наминатсияи чакан дар Кумитаи байнидавлатии Юнеско саҳми кормандон ва пажӯҳишгарони Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот назаррас мебошад.

Аммо душманони миллат, ки таҳти таассуби фарҳанги бегона мондаанд, мехоҳанд, ки ба ҳар васила дар рӯзгори мо фарҳанги бегонаро таҳмил кунанд. Бояд гӯем, ки либос ва рӯйсариҳо ҳеҷ вақт либоси миллии мо набуд ва нахоҳад шуд. Мо, ҷавонон хеле мамнунем,ки либоси миллии моро – мероси гаронбаҳои таърихиро,  тамоми ҷаҳон расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги  ғайримоддии ЮНЕСКО сабт кардааст.

Саидхучаева Дилафруз Муталибовна, устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд