Дар бисёр кишварҳои дунё алалхусус дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги созанда ва бунёдкор ва  эътироф гардидаанд, таҳкими нерӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасавур кардан ғайри имкон аст. Аз ин хотир Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро ҷавонони Ватан меросбарандаи давлату миллати куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон мебошанд.

         Мутаассифона, гуруҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу васоит барои ҷалби мардум махсусан, ҷавонони ноогоҳ талош меварзанд. Яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин омили иҷтимоӣ мебошад. Вазъи иқтисодии ҷавононро ба инобат гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон пулу мол ва сарвати зиёд ваъда менамоянд. Ҷавононе, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надоранд, равандҳои ҷомеаи ҷаҳониро дарк карда наметавонанд, ингуна гуруҳҳои ифротиро дунболагири мекунанд. Махсусан ютубканали “Паёми муҳоҷир”, сомонаҳои “Паём. нет” ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки ҳадафашон ифротӣ кардани ҷавонон ва мағзшӯӣ аст.

         Бинобар ин, яке аз роҳҳои пешгирӣ ин баланд бардоштани маърифати динӣ  ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гуруҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва паёмадҳои гуруҳҳои ифротӣ мебошад.

         Мебояд, мо ҷавонон барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум дар паҳлуи Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона ва содиқона устувор бошем.

 Исмоил Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд