Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  дар  доираи Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2019-2024 бо иштироки нависанда, равоншиноси амалӣ Нигина Мамадҷонова, мушовири оилавии раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рафоат Бобоева мулоқоти судманд бо донишҷӯён баргузор гардид. Мақсади асосии ҷамъомад баданд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҳимояи ҳуқуқи оила, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии зуроварӣ дар оиларо дарбар мегирифт.

Аз ҷониби Рафоат Бобоева  қайд гардид, ки таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ба хотири решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар саросари кишвар мавриди татбиқ қарор дорад. Яке аз сабабҳои беҳимоягии занон аз зӯроварӣ дар он аст, ки аҳли ҷомеа ба моҳияти ин проблема ба қадри кофӣ сарфаҳм намеравад. Байни ҷомеа ақидаест, ки зӯроварӣ дар оила ин кори оилавӣ ва шахсист. Чунин ақида боиси он мегардад, ки шахсони зӯроварӣ содиркарда аксар вақт беҷазо мемонанд, худро озод ҳис намуда зӯровариашонро давом медиҳанд.   Зӯроварӣ нисбати занон проблемаест, ки ба бисёр омилҳои дигар дахл мекунад.   Ҳама бояд фаҳманд, ки зӯроварӣ дар оила кори шахсии ҳар як оила нест, балки проблемаи ҷамъиятист.

Нигина Мамадҷонова  оид ба масъалаи зӯроварӣ, тағйир додани қолабҳои муносибат ва рафтори номатлуб, хотима бахшидан ба паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон фикру ақилаҳои худро баён намуд ва ҳолатҳои гуногуни ҳаётиро бо ҳамроҳии донишҷӯён муҳокима ва баррасӣ кард.  Ба андешаи ӯ  омода набудан ба оиладорӣ, надоштани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани саводи казоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард.

Лаҳзае аз ҳаёти оилавӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардида,  дар доираи он суҳбати судманд доир гардид.

Дар рафти вохӯри донишҷӯён фаъолнокӣ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.