Ҳамагон медонанд, ки  ифротгароӣ ва терроризми дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Ин суханон борҳо аз  забони Асосгузори сулҳу ваҳдати          миллӣ – Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад. Бо он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо  истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро  васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи  сода ва арзон муошират истифода  менамоянд,  дар баробари ин ҷанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракатҳои  худро бо дин омехта мекунанд. Имрӯзҳо  миллионҳо нафар  ба василаи техникаву технологияҳои нав вориди гурӯҳҳои  ифротӣ гашта истодаанд.

Истифодаи васеи  технология аз ҷониби ҳаракату  равияҳои  ифротгаро бисёр хатарзо ва таассуфовар аст. Мушоҳидаҳо нишон  медиҳанд, ки  қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути  шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст бурдани сатҳи маърифату дониш, гумроҳӣ ва  бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда  натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа,  нокомӣ дар  мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ  мегардад, ки дар анҷом  ё ба ифротгароӣ ва ё терроризм  бурда мерасонад.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани гурӯҳҳои ифротию тундгаро сатҳи пасти  шароити зиндагӣ,  бехабар будан аз тарбияи  нокифояи насли  наврас маҳсуб меёбад. Дар шароити  ҷоҳонишавӣ ба масъалаҳои ҳифзи  сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва  маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар хусусан  ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Бинобар ин,  мо шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ масъулияти худро натанҳо бо  шиору гуфтор ситоишу парастиш намоем,  балки бо меҳнати  софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем,  бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  худогоҳиву  худшиносӣ,  инчунин  ҷалби  онҳо дар корҳои  созандагиву  ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои  истиқлолият ва таҳким  бахшидани ваҳдати  миллӣ  саҳмгузор бошем.

 Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд