Маънои калимаи ифротгаро иғво андохтан ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии аҳли башар мебошад. Максади асосии онхо паҳн намудани хар гуна иғвою дасисаҳои бардурӯғ дар байни мардум ва расидан ба ҳадафҳои нопоки худ мебошад. Онҳо байни мардум бо ҳар роҳу восита истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумотҳои бар дурӯғ байни мардум паҳн намуда бо супориши “хоҷагони хориҷиашон” мехоҳанд суҳлу суботи ҷаомеаро халалдор созанд. Онҳо душманони миллату давлат ба ҳисоб мераванд ва гуноҳҳои онон но бахшиданист зеро хиёнат ба ин гуноҳи но бахшидани мебошад.

Фаромӯш накунем ки афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро хатари ҷалби ҷавонон ва сафи созмонҳои экстремистию террористӣ боиси нигаронкунанда мебошад.Онҳо  бо истифода аз нерӯҳои  ҷавонон ба мақсадҳои нопоки худ расиданӣ ҳастанд. Зеро тӯъмаи онҳо маҳз ҷавонон ба хисоб мерванд ҷавонони мо бояд хушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. 

Ҳодисаҳои мудҳишу даҳшатовари рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизамонро набояд фаромӯш кард. Бо айби баъзе аз қудратҳову гурӯҳҳо ва душманону ҳасудони миллати тоҷик Тоҷикистони ҷавон ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва хатари аз байн рафтани давлат ба миён омада буд. Сохторҳои ҳокимияти давлатӣ қабл аз ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии он фалаҷ гардиа буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта, сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» қайд намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».

Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июни ҷашн мегирем – арзишмандтарин дастоварди давлатдории халқамон мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт, комёбиҳову муваффақиятҳои Ватани азизамон ва рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик боз ҳам баланд мегардад.

Сарвари давлат нисбат ба халқи шарифи Тоҷикистон, дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватани аҷдодии худ баргаштанд ва аз ҳаёти осудаву осоишта бархӯрдор гардиданд.

Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон фаъолият мекунанд ва сарбаландона умр ба сар мебаранд.

Бинобар ин, мо халқи шарафманду сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.

 Мо бояд аҳли ҷомеа ҳамеша ҳушёр бошем намонем, ки ба оромӣ ва суботи Тоҷикистони азизамон касе халал расонад, мо зидди иғвогароён мебошем. Махсусан дастандаркорони Созмони Паймони миллӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бояд донанд, ки ягон қувва наметавонад мафкураи мардумро ба сӯи онҳо майл созад. Зеро ин марди шариф таърихан ва амалан исбот намуд, ки ӯ маҳбуби халқ аст.

Турсунов Х.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд