Дар сарнавишти ҳар халқу миллат рӯзҳои траву тор ва айёми  босаодатдар хоираи таърих маҳфуз хоҳад монд. Оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо айби иддае аз манфиатҷӯёни имаҳаллӣ на миллӣ кишвари мо ба гирдоӣи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд. Нуктаи зафъи он айём ин пеш аз ҳама боварию эътимоди мардум нисбати якчанд нафар шахсиятҳо буд, ки онҳо дидаву дониста авомфиребона мардумро ба сӯи ҷаҳолат ва худкомагӣ мебурданд. Ҳосили гумроҳӣ, паст будани дониши динӣ ва сиёсӣ ба он оварда расонд, ки ҳазорҳо нафар қурбон ҳазорҳои дигар тарки Ватан кардан. Миллат бесоҳиб монд. Гуруснагиву қашшоқӣ ҳар лаҳза гиребони сокинонро мегирифт. Дар ҳамин айёми душвор зимоми роҳбари кишвароо шахсе гирифт, ки дили чун оина соф дошт. Ба гузашта салавот гуфт, ҳамаро бахшид ба хотири тинҷиву амонӣ. Ин шукуҳу ҷалоли сулҳ ва оромии мамлакат аз баракоти ҳамин гузашткарданҳост. Имрӯз кишвари мо аз амнтарин мамлакати сайёра маҳсуб мешавад. Иқтидои истеҳсолии коргоҳҳо сол аз сол меафзояд. Зиндагӣ бо мароми худ пеш меравад. Ианҳо дар остонаи таҷлили 1300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар мамлакат 25 ҳазор иншоотҳои ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинон бо руҳияи болида ва шукрона аз оромиву ободии кишвар 30 – солагии Истилоли миллиро бо дастовардҳои азими истеҳсолӣ қайд намуданд.

Албатта ин ҳама дастовардҳоро нафароне дида наметавонанд, ки чашми ҳақбин надоранд. Душманони миллат ҳар лаҳзаву соат бо барномаҳои муғризонаи хеш мехоҳанд, ки камтарин камбудии ҷомеаро нишон диҳанду гӯянд, ки Ҳукумати мамлакат барои мардум кореро ба сомон намерасонад. Магар ин ҳама ободиҳо, осудаҳо худ аз худ омаданд. Махсусан “дӯстони миллат” амосоли Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев барин носипосон берун аз кишвар истода, тухми нифоқ мекоранд.

Имрӯз тири иғвогароёнаи онҳо сӯи минтақаи пешрафт ва шукуфоии кишвар Бадахшони Кӯҳӣ рост карда шудааст. Чун сокинони Бадахшон руҳияи ба қавли худи аҳримансифатон “руҳияи озодхоҳист” бо шайка ва зӯргӯёни худ мехоҳанд ин минтақаро ба гирдоби бало кашанд.  Ҳосили   ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аз худ қаҳрамон тарошида бо навори буҳтонангез, ки гӯё ӯро дар шаҳри Хоруғ парондаанд, мехоҳад ҷомеаи кишварро ба шӯру таҳлука андозад. Дар ин наворе, ки дар канали ютуб гузоштаанд, ягон лаҳзаи ҳамла ба Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қайд гирифта нашудааст. Ин фейки навбатӣ аст ва аз мардуми кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ин бӯҳтонгунаҳо бовар накунед. Саволе ба миён меояд, ки чаро Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров як авбоши гузаро, ки нону намаки соҳибистиқлолии хӯрда, имрӯз ба ҷои он ки шукронаи тинҷиву амонӣ кунад , мардумро ба ошӯб даъва мекунад, қаҳрамон тарошем. Кишвари мо он кишвари аввали солҳои навадум нест. Бояд Муҳаммадбоқир ба ҳар амале, ки дар Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳт кардааст ҷавоб гӯяд. Бо роҳи қонунӣ на бо зӯри силоҳ, ки гӯё ба ӯ сӯиқасд карда бошанду ӯ аз тарафи дасти росташ тир хӯрда бошад. Ҳамаи ин бӯҳтон ва дурӯғи маҳз аст, ки бо ин хабари бардурӯғ ӯ мехоҳад, ки мадуми Бадахшонро алайҳи давлат , ҳокимияти қонунӣ бархезонад. ба ин бофтаҳо бовар накунед. Акксари сокинони вилояти Бадахшон аз ин қудратталабон ба мисоли Муҳамадбоқир Муҳамдбоқиров, Толиб Айёмбеков безор шудаанд. Маҳз амалҳои зӯргӯи онҳост, ки шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳамеша пур аз таҳлука аст. Ин дуздони муттаҳаамон бар ваҷҳ мехоҳанд бо дурӯғҳои худ мардуми Бадахшонро ба ошӯбу гирдиҳамоӣ майл кунанд. Видеои навбатии саҳнаи сӯиқасд ба ҷони Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дуруғ аст, фкӯейк маст. Ба ин навор бовар накунед.

Абдусабур  Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд