Дар қисми чоруми Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ омадааст: «Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама  муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад».

Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури шаҳрвандонро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Бинобар ин системаи таълиму тарбия бояд ба илм, фарҳанг ва таърих вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил кунад.

     Дар назди устодон бояд масъалаи тарбияи миллӣ ва ватандустии ҷавонон мавқеи устувор дошта бошад. Барои он, ки устод - муаллим, дар ҳамаи давру замон раҳкушову раҳнамои башарият буда, воситаи хеле таъсирбахш – сухан дорад. Агар ьар як жавони донишом=з баробари таълим, тарбияи дуруст низ бигирад, дар оянда, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа натанҳо ҳамчун мутахассис, инчунин ҳамчун инсони комил фаъолият мебарад.

Расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишварамон, бе донишмандони соҳаи техникаву технология, муҳандис-барқчиён, мутахассисони соҳаи сохтмону нақлиёт, мутахассисони соҳаи хӯрокворӣ ва ғ. ғайриимкон буда, тарбияи чунин мутахассисони дар ҳақиқат ватандуст, бевосита бар души устодон аст. Чаро, ки бе тарбия, инсони комилро тайёр карда намешавад. Барои ҷомеаи мо натанҳо мутахассиссони кордон, балки инсонҳои ватандусту бовиҷдон ва бонангу номус лозиманд.                                                           

Мавзуи бисёр муҳим дар самти баланд бардоштани тарбияи миллӣ, ифтихор аз миллати хеш, гиромӣ доштани таърих, анъанаҳои ниёгон ва тарбияи ватандустии донишҷуён, мавзуе, ки ҳеҷ касро бетараф мононида наметавонад, мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда метавонад.    

               Бо баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тағйироти куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ба амал омад.      

               Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намояндагони соҳаҳо ва касбу кори гуногун, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, коргарон, ҳунармандон, чӣ зану чӣ мард ҳама як шиор доштанд: «Ба фронт!», ҳама як мақсад доштанд: «Ғалаба!». Шоирону нависандагон бо қалами худ зидди душман мубориза баранд, олимону донишмандон фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, ҷустуҷуи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбӣ, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии кишоварзӣ ва ғ. равона карда буданд. Коргарону ҳунармандон дар заводу фабрикаҳо шабу руз заҳмат мекашиданд. Дар солҳои ҷанг дар ИҶШС Тоҷикистон 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаҳо, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Дар ҷумҳурӣ фабрикаи бузурги дузандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар Шаҳритус ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагин дар шаҳри Душанбе, комбинати Огреупоругол дар Зиддӣ сохта шуданд.                                                  Баробари заҳматкашони соҳахои гуногун, муҳандисон, техникон ва конструкторон низ бо сохтани техникаи ҷангии неруманд, дар Ғалаба саҳми назаррас гузоштаанд.   

Дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз ҳарвақта кишвар ба навовариҳои техникӣ, муҳандисони қобилиятнок, ки техникаи нав, арзон ва боварибахш ниёз дошт. Дар солҳои аввали ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо бе техникаи мукаммал мушкилӣ мекашиданд.

               Бо меҳнати дучанди муҳандисон ва техниконе, ки охирҳои соли 1942 кор кардаанд, натанҳо қувваҳои сарфшуда барқарор, балки аз солҳои қабл аз ҷангӣ пеш гузаронида шуд. Дар як муддати хеле кутоҳ намудҳои нави яроқу аслиҳа ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ истеҳсол карда шуд. Якумин маротиба дар ҷаҳон усули рехтани қисмҳои пулодӣ дар қолабҳои металлӣ омухта шуд. Зери роҳбарии академик Е.О.Патон кафшери дастии қисмҳои танкҳо ба кафшери автоматикунонида иваз карда шуд. Дар охири моҳи сентябри соли 1943 барои мусаллаҳ гардонии ҳарбӣ танки нави вазнини “ИС” сохта шуд, ки аз ҷиҳати мустаҳкамӣ 1,5 маротиба аз танкҳои вазнини олмонии “Tiger” бартарият дошт.

      Ба ҳисоби миёна дар як моҳ истеҳсоли тайёраҳои ҷангӣ дар нимсолаи дуюми соли 1941 дар муқоиса бо нимсолаи якум 2,2 маротиба боло рафт.                      Дар солҳои ҷанг муҳандисон-нақлиётчиён автомобилҳои баландсуръати ЗИС-6, ЗИС-32, ЗИС-42, автобуси ЗИС-16 ихтироъ намуданд.

Аввалин маротиба ба ЗИС-6 миномётҳои шуҳратёфтаи “Катюша” насб шуданд. Автобусҳо ба моншинҳои санитарӣ табдил дода шуданд. Дар асоси ГАЗ-64 ва ГАЗ-67Б, аз ҷониби конструктор В.Н.Грачев зиреҳпушҳои сабук ва автомобил-амфибияҳо сохта шуданд. Дар солҳои ҷанг нақлиётсозон барои артиш тахминан 300 000 мошинҳои гуногун сохта ба истифода доданд. 

Ҷустуҷуи воситаҳои муфиди ҷангӣ бомаром давом доштанд. Соли 1941 дар муҳорибаҳои ҷангӣ душман дар Баҳри сиёҳ минаҳои электромагнитӣ истифода намуд, ки бар зидди онҳо гуруҳи олимон бо роҳбарии Александров А.П. ва Курчатов И.В. усулҳои нави бемагниткунонии киштиҳои ҷангиро кашф намуда, ҳаёти ҳазорон маллоҳонро ҳифз намуданд.

Дар солҳои ҷанг ба авиатсияи мамлакат зиёда аз 59 000 ҳавопаймоҳои муборизабаранда, зиёда аз 37 000 ҳуҷумкунанда ва 17 800 бомбаандозҳо ворид гардиданд. Ҳамагӣ дар давоми ҷанг 136 800 ҳавопаймо истеҳсол шуд.

Муҳандисони комбинати металлургии Магнитогорск дар як муддати кутоҳ истеҳсоли маркаҳои нави пулодро омухтанд.                                       Бартарияти худро дар соҳаи истеҳсоли танкҳо муҳандисон ва техникон нишон доданд. Барои мусаллаҳонии ҳарбӣ танкҳои мукаммалгардонидашудаи КВ, Т-34 ворид шуданд, ки ихтироъчиёни онҳо муҳандис-конструкторон Кучеренко Н.А., Кошкин М.И., Морозов А.А., Котин Ж.Я. ва дигарон буданд.

         Ба меҳнати муҳандисон дар умум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳо дода, қайд кардан лозим аст, ки дар солҳои охири ҷанг саноати ватанӣ ҳавопаймо, танк ва дигар яроқу аслиҳаҳои ҷангиро аз ҳамаи дигар кишварҳое, ки дар ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда буданд, (баъд аз ИМА дар истеҳсоли ҳавопаймоҳо) зиёд истеҳсол кард. 

         Агар истеҳсоли маҳсулоти ҷангии Олмон ва Иттифоқи Шӯравиро муқоиса намоем, чунин натиҷагирӣ намудан мумкин аст:

Ҷавонон - созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат бигиранд. Зеро, онҳо дар баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд. Вале, набояд фаромўш кард, ки ифтихор масъулият ҳам дорад. Модоме, ки мо бо гузаштаи худ меболем, бояд бикўшем, то ояндагон нисбат ба кору бори мо, эъҷозу эҷоди мо, бунёду созандагии мо биболанд. Ватан барои мо - тоҷикон ҳамеша азиз ва маҳбуб аст. Агар ватанро хавфу хатаре пеш ояд, мардуми тоҷик метавонад иттиҳоду як тан шуда, ҳама бар ҳимоя бархезанд.

            Мо – устодон, дар замири донишҷуён ва умуман насли ҷавонамон ифтихори миллиро чунон тарбия намоем, ки бо баробари эҳтироми намояндагони халқу миллатҳои дигар, барои ободиву пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистон, мутахассисони болаёқату бозаковат, фарзандони баору номус ва зираку ҳушёр ба камол расанд.

Усмонова У.Х., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд