Модар, Ватан, Миллат ин калимаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ифодагари меҳру муҳаббат нангу номуси нафақат шахсеро балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии ҳар як халқу миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар ин самт миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик дар давраҳои гуногуни мавҷудияти хеш, ба воситаи фарзандони фарзонаву ифтихорманд, бо заковату соҳибилм ва босадоқаташ ба худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Аммо мутаассифона дар ҳар давру замон фарзандони ноуҳдабарою аҳриманпеша, ки вуҷудашон аз роҳи чизпарастиву мансабталошӣ бунёд ёфтаас бар ивази пулу мол ва ҳимояи баъзе афроди аҷнабӣ арзишҳои инсонигарӣ ва мардонагиву миллии худро ба осонӣ барбод дода, даст ба хиёнати ватану миллати худ задаанд, низ кам нестанд. Алалхусус дар замони ҳозира ҲНИ бо истифода аз қонунҳои демократӣ ва башардӯстонаи давлати азизамон ҷавонони роҳгумзада, бетаҷриба ва ноогоҳро дар  зери ниқоби пайравӣ ва ҳифзи арзишҳои дини Ислом мағзшӯи намуда, дар асл барои иҷроиши фармонҳо ва гуфтаҳои хоҷагони хориҷиашоншон ҳаммиллатони худро аз арзишҳои милливу мазҳабӣ аҷдодиашон дур намуда, ба тақлиди кӯр кӯронаву  гаравидан ба мазҳаби ботили бегона ҳидоят мекунанд. Роҳбарони ин ҳизби ифротӣ кайҳо боз худ дарк намудаанд, ки дар дохили кишвар ба ҷуз шумораи хеле каме шахсони камсаводу аз сиёсат дур, ки он ҳам аксаран аз хешу ақрабои худи онҳо иборатанд, дигар касе тарафдорашон нест. Муайян аст, ки онҳо аз ҳароси нафрати мардум рӯ ба гурез ниҳода дар ҳар кунҷи дунё худро дар оғӯши хоҷагони хориҷиашон ҷо намуда дар ҳаққи давлату миллати тоҷик туҳмату бадгуиҳо намуда истодаанд.

Чи хеле, ки аз эътирозҳои яке аз муассисон ва ташкилкунандагони Ташкилои терористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Айёмиддин бар меояд роҳбарони ин ташкилот зери ниқоби Ислом ҳамаи нақшаҳояшонро танҳо бар манфиатҳои тиҷоратии худ ҳал мекунанд, наин кӣ ба манфиати дин. Бо вуҷуди ҳамин қадар далелҳо ва гувоҳҳои зинда ин бадхоҳон аз роҳи разили худ бар намегардан. Воқеаи нанговару шармсоркунандае, ки дар шаҳри Варшава бо таъсиси эътилофи мухолифин бо номи Паймони миллӣ ба вуқуъ пайваст, бори дигар муайян намуд, ки барои Ташкилои терористӣ - экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамаи арзишҳои  миллӣ қимате надоранд ва иҷроиши дастуру амри хоҷагони хориҷӣ дар мадди аввали  фаъолияти харобкоронаи онҳо ҷойгузин мебошад. Ифротгароёни хоин амали маккорнаи худро бо ҳадафҳои ноҷавонмардона барои ба чашми чомеаи ҷаҳониву кишвар хок пошидан ва худро ҳамчун иттиҳоди пойбанд ба арзишҳои демократӣ ҷилва додан роҳандозии намудаанд. Аммо кайҳо парда аз рӯи аслии наҳзатиёну пайравони гумроҳашон бардошта шудааст ва маълум гашта, ки ҳадафи ин гурӯҳи табоҳкор бо роҳи зӯриву қатлу куштор барҳам задании сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати мазҳабӣ буда, ба демокртия робитае надоранд. Хушбахтона, мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои нопоки ин хоинҳо кайҳо боз огоҳӣ ёфтаанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки кучактарин ҳадафи нопоки онҳо амалӣ гардад. Зеро бар асари хоиниву нақшаҳои паси пардагии Ташкилои терористӣ - экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ халқи тоҷик як маротиба ба вартаи ҳалокату фаноёбӣ расида буд ва то кунун дар дили модари тоҷик он захм нарафтааст. Бинобарин бо дарки муҳимияти ин гуфтаҳо ҳар фарди худоогоҳи миллатдӯсту ватандӯстро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида ҳисси дӯстдоштани ватанро дар замири хеш комилу болиғ гардонад, то ин ки носипосе ба муқаддасоти мазкур хиёнат накунад ва ба наслҳои оянда ватани ободу зебо ва миллати тамаддунофарро ба мерос боқӣ гузорем.

 

Каримов Ибодқул Раҳимқулович, ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика