Хизмат ба Ватан вазифаи ҷонии ҳар марди шуҷоъ аст. Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар дар такя ба неруи созандаи ҷавонон ояндаи онро ба хизмату фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи эшон нисбат дода, онҳоро қишри асосии ҷомеа ва қувваи пешбарандаи халқ меноманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша барои тарбияи  худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ таъкид намуда, онҳоро вазифадор менамоянд, ки барои хизмат ба Ватан бетарафӣ накунанд. Ватанро аз чашми бадбинону хоинон ҳифз намоянд. Истиқлолияти давлатиамонро таҳким бахшида, ба он бо хизматҳои шоёни худ ба миллату мардуми тоҷик умри безавол бахшанд. Ҳамеша дар суханрониҳояшон аз шукронаву шукргузорӣ аз сарзамини обод ҳарф зада, нишонаи давлатдории ниёгони моро талқин менамоянд.

Инак боз марҳилаи навбатии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардони далеру шуҷои кишварамон фаро расид. Ман ҳамчун як хоҳар ва модари даъватшудагон аз ҳамаи онҳо даъват ба амал меоварам, ки пораи хоки Ватанро аз ҷон дида бештар ҳимоя намоянд. Онро бисёр азизу гиромӣ доранд. Ҳоло, ки фурсати хизмати Шумо ҷавонон фаро расид бесаркашӣ аз он роҳсипор гардед, зеро мо дар ҳимояи худ баъд аз такя ба Яздон ниёз ба ҳифзи Шумо дорем. Ин боварӣ ва хоҳиши мо модарону хоҳаронатонро ҳеҷ гоҳ бар замин нагузоред, зеро мо ҳамеша бо ҷавонмардони ҷасуру ҳимоятгари худ ифтихор мекунем.

Ҳар нафаре, ки хизмати шоистаро бар Ватан афзалтар аз дигар амалҳо мепиндорад, сазовори номи бошарофати фарзанди Тоҷикистон будан насибаш мегардад. Пас чаро ҷавонони мо аз ин саодат даст бикашанд ва ин шарафу нуфузи номи фарзонафарзандро соҳиб нагарданд.

Мактаби шуҷоатмандии мардонагиву далерӣ барои ҳар кадоми ҷавонписарон маҳз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро дар он ҳамаи хизматчиён аз саводи сиёсӣ огоҳ мешаванд ва аз тарафи дигар хешро бисёр фараҳманд меҳисобанд, ки дар устувории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор гаштаанд.

Ҳамаи мо ба ҷасоратмандии ҷавонписарони синни даъвати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боварии комил дорем ва уммед бар он мебандем, ки ҳамаи онҳо бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, ба назди падару модар ва ёру дӯстонашон бармегарданд.

Хуласи калом миллату давлат ояндаи дурахшони хешро маҳз дар фаъолияти ҷавонон мебинад, ки ин беҳуда нест, зеро фоизи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам давлати Тоҷикистонро миллати ҷавонтарин мешиносанду онро соҳибистиқлолу соҳибихтиёр дар тамоми олам мешиносанду эътироф мекуннанд.

Оқилҷонова Шаҳноза, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд