Чанде пеш аз паҳн гардидани боз як матолиби буҳтонангезу иғвогаронаи душманони халқу миллат ва давлат дар расонаҳои интернетӣ бохабар гардида, афсӯс ки бинобар серташвишию серкорӣ ва ба чунин маводҳои ботилу фач аҳамияти хоссае надоданам, зеро ки сомонаҳои интернетӣ ва «расонаҳои зард» аз партовҳои афкору андешаронии фисқу фасоди гумоштагону ватану миллатфурӯшон пур гардидаанд, ибрози назарам каме тӯл кашид. Ба ин ҳам, дар кадом кунҷи кӯчаю паскӯча ва ё пушти дару таги девор куч-кучу пич-пичи бархе аз нафарон водорам сохт. Аз «маълумот»-и дар сомонаҳои интернетӣ паҳнгардида, «чашмдавон мутолиа» намудам, зеро он мисли дигар матолиби паҳншавандаи «лухтакон»-и душманони Ватан ягон мантиқу асосе надошт, танҳо ва танҳо ғайбату аз «пашша фил сохтан»-у мисли иғвои аҷузкампири Бабариха аз «Афсонаи шоҳзода Султон»-и замони Шӯравӣ ба наворгирифта иборат буд.

            Аз кадом матлабу дар кадом сомона нашр гардидани чунин маълумоти туҳматангез сухане намегуям, зеро намехоҳам, ки нафарони дигар низ бо ҳисси кунҷкобӣ ба гирдоби дасисаву иғво ангехта шаванд, азбаски ба халқу миллати мо хусусияти хоксорӣ хос аст, онҳо зуд бовар мекунанд, ман бошам дар ин ҷо иктифо мекунам танҳо бо ибрози даъвати худ ва чанд саволе ба муаллифони «худӣ»-и «тезқалам»-у бешараф, ки нангу номуси диёрдориву ватанпарастиро гум кардаанд. Оё Шумо фикр намекунед, ки бо паҳн намудани чунин «иттилоъ»-и бардурӯғ сабабгори хуш гаштани кайфияти миллату ватанбезорон мегардед? Оё боре андеша намудаед, ки бо чунин аъмоли худ дастовардҳои даврони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллиро нодида гирифта, бо пайгирӣ намудан аз манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ манфиатҳои халқу миллату давлатро поймол месозед? Наход эҳсосу ғурури ватандорӣ надошта бошеду ҳамкорӣ намудан бо душманони берун аз Ватан қарордоштаро барои худ авло донед? Бо ин рафторатон Шумо шарики ҷинояткорону ҷиноятпешагон ва хоинони давлат ҳастед? Онҳо-ку орияту ҷавонмардӣ надоранд, паси парда нишаста, бо лақабҳои бофтаву аз хориҷи кишвар истода, бо пулу молу пуштибонии хоҷагони хориҷиашон тухми маломату кинаву адоват кошта, ҳар чизу ночизро бофтаву кофтаву таҳриф намуда, бо паст задани шаъну шарафи фарзандони шарафманди тоҷикистонӣ туҳматангезӣ менамоянд. Кӣ ба Шумо кафолат медиҳад, ки пагоҳ нисбати Шумову наздиконатон чунин санги буҳтон ҳаво дода намешавад? Барои онҳо фарқ надорад, ки КӢ кисту ЧӢ чист ва чӣ кореро ба манфиати давлату ҷомеа ба анҷом расонидааст, асос – пули ҳароми гирифтаашонро «ҳалол» кунанду сафи гумроҳону гумоштагонро афзун намоянд.

            Ростӣ, шармам меояд, ки мо дидаву дониста, бе ягон андешаву таҳлил, бе некбиниву бевиҷдонона, бе дарки он, ки бо чунин кирдору андешаамон сафи бандагони ношукру беаҳду паймон ва нотавонбину қадрношиносро зиёд мегардонем, гузаштаи талхи начандон дури худро фаромӯш кардаем, имкониятҳои имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамовардашударо нодида мегирем, гӯиё ҳама чиз худ аз худ шуда бошад…

            Ҳама он чизе, ки имрӯз мо бархурдор ҳастему фарзандонамон аз маҳрумиятҳои солҳои 90-уми асри гузашта чашидаамон бехабаранду падару модарони нуронии мо дар осудагиву амонӣ дуогӯи мо ҳастанд, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат ба даст омадааст. Давлату Ҳукумат аз камбудиҳои мавҷуда хуб огаҳ ҳаст ва барои рафъи он аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум тамоми чораҳоро андеша менамояд. Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад, пас биёед ба фитнаангезиву гуруҳбозӣ дода нашавему даст ба дасти якдигар гирифта, китф ба китф истода, хиштеро барои эъмори Ватани соҳибистиқлоламон гузорему мустаҳкамии пойдевори маънавию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии кишвари маҳбубамонро таъмин созем, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва созандагиву ободониамонро эҳтиёт намоем. То ба ин кор машғул нашавем, душманони халқи Тоҷикистон аз беиродагиву ноустувории сиёсии бархе аз нафарон истифода бурда, радифи ифроту терроризм, кинаву адоват, ҷудоиандозиву бадбиниро васеъ месозанд, ҳаловат мебаранд, ки дар дохили мо гуруҳбозӣ мавҷуд ҳасту барои онҳо «маълумот» пешниҳод шуда истодааст...

            Барои мо душманони берунаю хориҷӣ басандагӣ мекунад, мо бояд танҳо манфиати давлату тоҷикистониёнро пайгирӣ намуда, аз манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ даст кашем, бо аҳливу тифоқӣ исбот намоем, ки ногусастанием, дар атрофи сиёсати бунёдкоронаву ободгаронаи Пешвои муаззами миллат муттаҳидем ва бо бадномкунандагону сияҳкунандагон муборизаи шадид мебарем, фарҳангу тамаддуни худро арҷ мегузорем, ба қадри имрӯзу фардои худ мерасем, аз фарзандони шоистаи худ фахр мекунем, як каф хоку як хаси Ватанро аз зару зевари дунё авло медонем, мо Ватан дорем – Тоҷикистон дорем. Шарафи тоҷику тоҷикистониро пос медорем.

                                                                                           

                      Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд