Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба қисмҳову гурӯҳо ҷудо набуд ва чунин хоҳад монд. Дар ҷомеа гоҳо  ҳодисаву воқеаҳое рӯй медиҳад, ки миёни мардум шӯру исён меангезад. 

 Мусаллам аст, ки тамоми қувваҳои солиму носолим бо ҷавонон кор мекунанд, ба онҳо умед мебанданд, ба онҳо қувва мебахшанду аз онҳо қувва мегиранд, ки инро мо дар ин шабу рӯзи омодагии интихобот хуб пай мебарем. Навиди гуруҳи иғвоангезеро  бо номи «Гурӯҳи 24» низ хуб медонем, кич и гуна мардумро зидди ҳам мешӯронанд. Пинҳон нест, ки имрӯз ҷавонони дар аърофмонда кам нестанд. Ҳоло ҷавонон танҳо дар муассисоти таълимї фарогири тарбияву корҳои тарѓиботианд. Ва ин марҳила барои ташвиқгарони ташкилотҳои ифроти ба монанди наҳзатиҳову Гурӯҳи 24 мавриди муддао қарор мегирад.

Барои ба фаъолияти созандагї бештар ҷалб намудани онҳо созмонҳои шоистакори ҷавононро зиёдтару воқеитар бояд кард, фаъолияти марҳалавии онҳоро ба доимї табдил бояд дод, доираи фаъолияташонро фароху ҳамагир бояд кард, ки дар маҳаллаҳову ҷамоатҳо пас аз дарсу кору машѓулият, дастҷамъона соати фароѓат гузаронанд.  Албатта барои ин ҳам тараддуд лозим асту ҳам маблаѓ ва ҳам хоҳишу кӯшиш. Вале ҷомеаи мо қодир аст, ки бо ҳар як рӯйдоди номатлуб мубориза бурда,  онро безарар гардонад, аммо беҳтар аст онро решакан созем.

 Мутаассифона дар тамоми давру замон дар ҳар ҷомеаву кишвар ёфт мешаванд нафароне, ки чунин арзишҳои муқаддасу пок ва беолоишро ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранду аз ниҳояти ѓафлатзадагї огаҳонаву ноогоҳона ба дорогии маънавии бандагони Офаридагор иснод меоранд.

Аз намоишҳои аъзоёни ташкилоти Гурӯҳи 24 маълум гардид, ки онҳо на дар дину на дар илм ягон каромоте накардаанд. Аз ҷумлаи ватандӯстдорону сулҳхоҳон ҳам набудаанд, ки атрофиёнаш аз он баҳра баранд. Пояи обрӯву шӯҳраташон таҳдиду таъдид ва тарсондану фиребонидан будааст, ки чунин фаъолияти ифротгароёна зуд фано хоҳад  ёфт. Аммо аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки айб на танҳо дар ин ташкилот ва ҳаммаслакон, балки сарвари он Кабирӣ дар тафриту иғво устод  будааст. Аъзоёни ин ташкилотро ба ин дараҷа аҳли ҷомеаи муайяне расонидааст, ки аз дину диёнат, аз шарту шариат, аз фарзу суннат, аз илму маърифат дур буда, як собунаи дидаашонро кошонаи шоҳї пиндошта, лонашинро кошонашин гирифта,  аз ӯ буте сохтаанд, ки худаш аз будаш дур шудааст.

 Бинобар он бояд натанҳо намояндагони Гурӯҳи 24, балки атрофиён ва наҳзатиёнро аз ҳамсояҳо то мансабдорони маҳал маҳкум кард, ки нобинову ношунаво,  ноаҳлу бепарво, хурдбину бузургаъмо будаанду шудаанд.

Ҳамеша чашми ин хоинони миллат камбудӣ меҷӯяду мекобад. Дастовардҳои миллати моро нодида меангоранд. Аз бӯҳтону суханони намоишкоронаашон маълум шуд, ки ин «авлиё» ҳамеша бо мардуму миёни мардумҳастан ва авомфиреби мекунанд.

Албатта ҷомеа, ки солим аст, чунин кирдорро  маҳкум мекунад, вале ин кам аст. Мо бояд мисли сарвари давлат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон  коре кунем, тадбирҳое биандешем, роҳеро нишон диҳем, ояндаеро ҳидоят намоем, ки ҳадафмандона ба мафкураи ҳар як наврасу ҷавон, ки ҳассостарин узви ҷомеа мебошанд, бирасад, онҳоро ба мақсади муайяну мушаххас раҳнамун созад. Барои ин мо бояд ҷаҳони маънавии ҷавониро бо тақозои замон биомӯзем, хулоса бардорем, ӯро аз бозору кӯча дур созем, ӯро ояндасоз гардонем. 

Барои ин бояд ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа саҳмгузорї кунад.   Танҳо дар он сурат ба намояндагони чунин «ташкилоти сулҳхо»-и сохтаву бофта ҷой намемонад. 

Амон Акбарович Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд