Мақолаи Мирзои Салимпур «ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ДОХИЛИ ҲУКУМАТ» тавассути сомонаи «Ахбор. ком» дувумин матолибе аст, ки аз ҷониби думравони Муҳиддин Кабирӣ ва косалесони «Паймони миллӣ» рӯи нашр меояд. Аз ин пеш як нафари дигари «дилсӯзи миллат» Саидюнуси Истаравшанӣ дар сомонаи «Кимиёи саодат» низ аз зарфияти мақолаҳои ба қавли худашон «фабрикаи ҷавоб» «изҳори ташвиш» намудаанд. Аммо ҳам Мирзои Салимпур ва ҳам Саидюнус иқрор нашудаанд, ки дар ин мақолагунаҳо, ки онҳо онро чунин ном мебаранд, ҳақиқат бештар аст, аз он ки онҳо мегӯянд. Мисоли барҷаста он аст, ки Файзуллоҷон Сафаров, собиқ узви гурӯҳи 24 дар баёнияи худ ҳамаи сиру асрори ҳам «Паймони миллӣ» ва ҳам наҳзатиёни гурӯҳи 24 –ро фошофош гуфтааст.  Мирзои Салимпур тавре нигоштааст, ки ӯ ба ягон нафар вобастагӣ надорад, аммо тарзи масъалагузорӣ, инъикоси воқеаҳо нишон медиҳанд, ки ӯ низ пойбанди маблағҳои Кабириву муздурони ӯст.

Боре, аниқтараш 5- 6 сол пеш як рӯзноманигори хоричӣ ба манн занг зада, саволе дода буд, ки оё нафаре дар Тоҷикистон пайдо мешавад, ки халқ бар ӯ бовар кунаду ҷойгузини Сарвари давлат шавад. Ман бе ягон андеша гуфтам, ки нест. Зеро хислати тӯдкашӣ, боварию эътимоди мардумро ба даст овардан кори саҳл нест. Президент замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки воқеан ҳам ба дигар кас ин вазифаро  таҳмил намоӣ, намекард. Акнун, ки низоми давлатдорӣ ба маҷрои муайян даромад, вазъи иҷтимоӣ беҳтар шуд ва муҳимаш тинҷиву оромӣ барқарор шуд, нотавонбинон мехоҳанд, ки ба сари қудрат оянд. Ин амал аз рӯи адолат нест. Мирзои Салимпур ҳар он кас, ки имрӯз манфиати миллатро ҳифз мекунанд, «тӯдаи нодонон» унвон кардааст. Аммо ин донои давр худ намедонад, ки миёни ин тӯдаҳо олимони варзидаву қаламкашони воқеъбин низ ҳастанд. Муҳимаш он, ки онҳо ба роҳбари давлати худ содиқанд, на мисли Шумо гурезаву миллатфурӯшу косалес. 

Ин шумоён ҳастед, ки бо Ҳукумат ҷанги иттиллот мебаред ва пайваста шикаст мехӯред. Зеро Шумоён манқуртҳое ҳастед, ки ба ҷузъ аз хидмат кардан ба хоҷагони худ дигар рисолат надоред. Агар зӯру тавон доред, пас аз ин дасисаву бӯҳтонҳо дур шуда, бо амали созандаи худ дар хидмати халқ бошед. Бо кушодани як сомонаи моҷароҷӯй шумо гӯиё ба дарди халқ малҳам мешавед. Аммо шумо ва дастандаркоронатон яқин донед, ки хабарҳои сенсатсионииатон дархӯри халқ нест. Беҳтар мебуд,  даст аз ин иғвоҳо бардошта, барои баланд бардоштани шаъну эътибори давлат кӯшиш меварзидед.  

Воқеан ҳам ин нафарон, ки шахсиятҳои носипоси миллат ҳастанд, мехоҳанд бо ҳар гуна суханбозиву ҳарзагӯи дили халқро ба худ моил созанд. Саидюнуси Истаравшанӣ кист, ҷомеаи кишвар ба хубӣ медонанд. Ин шахсиятест, ки тору пуди худро ба хоҷагагони бегона бахшидааст. Ва як маддоҳи аз дини ислом дурмонда, як мардест, ки ҳатто хешону пайвандонаш дӯст намедоранд. Ва  то кунун мардуми Истаравшанӣ бовар надоранд, ки аз ин минтақаи шахсиятҳои машҳур ба дунё омада, як нафар хоин, дастнигари хориҷиён ба камол расидааст. Темур Варқию Мирзои Салимпур ва Алим Шерзамоновро хонандагон бо мақолаҳои бӯҳтонангезу ҳарзагӯияш хуб мешиносанд. Чун дар кишвар ҷое намонд, ки онҳо мавриди танқид қарор диҳад, ба Аврупо ҳиҷрат намуду имруз бозичаи дасти дигарон гаштааст. Акнун меоем ба сари он ислоҳоте, ки онҳо мехоҳанд бо кӯмаки халқ ба субут расонанд. Ба андешаи онҳо имрӯз ҷомеаи кишвар побанди амалҳои коррупсионӣ, зӯроварии нафарони озодандеш аст. Агар чунин мебуд, пас чаро беш аз 350 расонаҳои хабарӣ, ки аксаран хусусисанд, кору фаъолияти бомаром доранд. Ҳар он нафаре, ки мехоҳад камбудиҳои ҷомеаро ислоҳ кунад, минбарҳои нашрияҳо, воситаҳои электронӣ васеъ дар истифода қарор дорад. Пас ин нафарон, ки такя ба ҷавонон доранд, мехоҳанд нерӯи зудгузари ҷавонро бар фоидаи мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд. Аммо беҳтарин неъмат барои ҳар як сокини кишвар ин озоди ва фазои хуби зиндагист, ки тавассути истиқлолияти комил ба даст овардаем.  Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди  тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли имрӯзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори  мост.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони бонангу ор дорои   имкони  хуби таҳсил ва фароғат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Пас моро мебояд, ки ба қадри он расида, пойбанди ҳамагуна таблиғи беасос набошем.

 

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф.,

устоди кафедраи   

            забонҳои хориҷии ДПДТТ