Ҷомеа ҷаҳонӣ аз исломпарастии бемавқеъ воқеан ҳам ба танг омадаанд. Бадбахтиаш он аст, ки кувваҳои мараказгурез дар гӯшаву канори ҷаҳон аз номи Ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Магар мусулмони ҳақиқӣ ҷои ибодатгоҳро метарконаду ба ҷони даҳҳо бегуноҳон ҷабр месозад. Ҳар он ҳаракату ҷунбишҳое, ки гӯё решаи исломӣ доранд, то ҷое иттилоъ дорам барои паст задании дини мубини ислом кор бурда истодаанд. Мутаассифона шеваи кори ҲНИ ки дар Тоҷикистон фаъолият мебурд,  ҳамонгуна аз решаи  чунин ҳаракатҳо об мехӯрад ва мавҷудияти он хатари азимест ба аҳли башар.

Рӯз аз рӯз фош шудани дафтари аъмоли саркардаҳои ХНИ ва дубора баргаштани онҳо бa Вaтaн бори дигар собит намуда истодааст, ки ин ҳизб дар фаъолияти худ ба хатогиҳои азиме роҳ додааст. Худ қазоват кунед, вақте давлат кафолати озодона фаъолият бурдани ин ҳизбро дар қатори дигар ҳизбҳо дод, сарварони онҳо бо эҳсоси мардум бозӣ намуданд. Масҷидро ҷои таблиғоти худ шуморида, мусулмононро ба тафриқа ҷудо намуданд. Ҳатто ошкоро фатво доданд, ки ба ҳизби наҳзат шомил нашудани шаҳрвандон кофирии онҳоро исбот мекунад. Магар ин аз рӯи имону виҷдон аст. Мо ин амалҳои онҳоро маҳкум менамоем.

Вақте  Кабирӣ ҳини вохӯрӣ бо шаҳрвандони вилоят дар арафаи интихоботи соли 2015 аз ростину воқеъбин будан сухан мекард, кас гумон намекард, ки як нафар олими пешрафта фардо аз пушт табар мезанад. Охир дар интихобот маҳбубият пайдо накардани ҳизби онҳо ба фаъолияташон вобаста буд. Пас аз силсилаи мақолаҳо дар бораи дирӯзу имрузи ҲНИ рости дилам аз чунин «инсонҳои садоқатпеша» монд, ки монд. Хуни ҳазорон бегуноҳон дар гардани лашкаркашони ҲНИ мемонад.

Вақте дар сомонаҳои «Ахбор.сом», «Паём нет» ва дигар сомонаҳои иғовоангез навиштаҳои мубаллиғони ҲНИ Саидюнуси истаравшанӣ, Маҳмудҷони Файзраҳмон ва дигаронро мехонам, ангушти ҳайрат мегазам, ки то кадом андоза онҳо вафодори хоҷагони худ ҳастанд. Охир хоҷагони онҳо чандин нафарони азизи худро ин ҷо партофта думро хода карда худро дар мамлакатҳои Аврупо паноҳандагӣ мегиранд. Агар воқеан ҳам онҳо мехоҳанд, ки ҳақиқат ғалаба кунад, биёянд исбот намоянд, ки онҳо бегуноҳҳанд. Имрӯз тавассути ҷанги иттилоотӣ мехоҳанд кишвари рӯ ба пешравии моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ кунанд. Аммо ин номумкин аст. Пуштибони давлат халқи ваҳдатшиор аст.

Хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ростӣ чанд сол пеш аз моҳият ва ҳадафҳои ҳизбҳои сиёсии дар кишварамонбуда умуман хабардор набудам. Чеҳраи манфури ҲНИ-ро пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 шинохтам. Шахсан мо ҷонибдори ҳизбе ҳастем, ки манфиатҳои мо ҷавононро ҳимоя намояд на ба гумроҳиву ҷоҳилият бубарад. ҲНИ дар ҳама садо баланд мекунад, ки дар сафҳояш ҷавонон зиёд буданд. Аммо ман ҷавононҳоро намебинам. Он ҷавононе, ки будан руҳан ҷавонон буданд, ботина онҳо пиранд. Зеро таълимоти наҳзатиён маҳз чунин буд.

Гирдиҳaмоии нaвбaтӣ ин як сaҳнaи мaзҳaкaи нaҳзaтиён aст, ки гумон мекунaм ҳунaрмaндони он нaқши қaвӣ дaр он нaдорaнд. Бо ҷaмъи 10 – 15 нaфaр думрaвони Кaбирӣ нaметaвон гирдиҳaмоӣ кaрд. Пaс онҳо ин бор низ шикaст хӯрдaнд.

Ҷaмшед Мaсaидов, мудири бaхши кор бо ҷaвонони ДПДТТ