Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодони мо аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.

         Боиси хушнудист, ки таваҷҷӯҳи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

         Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои ҷаҳон шӯҳратёр гаштааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.

         Ба ақидаи олимон-ҷуғрофишиносон Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона дар асрҳои IX-X марказҳои маъруфи истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Ҳанӯз аз давраҳои қадим шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, карбос, алоча ва чит, бахмалу кимхои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан дар сартосари дунё харидорони зиёде доштанд. Ривояте ҳаст, ки атласбофони Хуҷанд ба ҳунармандони Марғилон, ки то асрҳои ХYШ-XIX шаҳри тоҷикони Фарғона будааст, сабку услуби бофтани матои пурнақшу нигори атласро таълим додаанд. Дар ин макон дар аввали асри ХХ беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахтагиву тибитӣ истеҳсол мекарданд, ки дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Руссия, Туркия, Қафқоз харидорони зиёд доштанд.

         Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро менонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд.

         Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои зан-модар босару либоси хоса пеши назар меояд.

Таърих гувоҳ аст, ки зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор меравад

Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило ба оламиён муаррифӣ гардидааст.

         Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоб густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён меорад.

Чун назар ба сафҳаҳои таърихи либоси миллӣ кунем, аён мегардад, ки  ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае  надошт. Ҳиҷоби сиёҳ бошад, ба  фарҳанги мо кулан бегона аст. Вале, мутаассифона, имрӯз занону бонувони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

 Тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мешавад, ки анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ-доману куртаҳои чакан, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони ба қаламрави кишвар воридшударо ба худ ҷалб месозанд.

         Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши мӯчалло зери ин навоҳо ба ҷилва меоянд.

         Либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, ки онро бояд ҳифз намуд. Дар ин асно дарк ва омӯзиши фазилату ҳикмате, ки таҷассумгари либоси миллии ҳар як халқу миллат аст, василаи муҳими нигаҳдошти он ба ҳисоб меравад. Агар либоси миллатҳо мазмуни ба худ хосро доро намебуд, чаро яке дароз, дигаре кутоҳ, сеюмӣ васею чорумӣ шинаму зебо дӯхта мешаванд? Ва агар ҳикматеро либос дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама шаҳодати он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият мебошад.

         Аз ин рӯ, аз омезишҳо ва тақлидкорӣ эмин нигоҳ доштани либоси миллӣ ба ҳар нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллӣ расидааст, ҳам қарз асту ҳам фарз.

Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои бегона фасод насозем. 

         Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар гузошта, бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин менамоянд.

Мо, тоҷикон мардуми сарфарозу бадавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона,  ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Пас, шукронаи ин ҳама неъматҳои беназирро кард, ки бо ҷонбозиву шабзиндадориҳои Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Месазад, ки ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.

 

 

Абдушукур Назаров,

доктори илмҳои иқтисод, профессор