Замони моро давраи ҷаҳонишавӣ ва иттилоотӣ мегӯянд, чунки имрӯзҳо ҳамаи давлатҳо, кишварҳо бо ҳам робитаҳои гуногун доранд. Оянда низ ин робитаҳо васеъю боз ҳам наздиктар мешаванд. Ба ҳамаи ин телефонҳои мобилӣ ва интернет сабаб шуда метавонанд. Бо ҳамаи ин вобаста дар ҳаёт истилоҳҳо (терминҳо)-и гуногун ва нав ба нав пайдо мешаванд. Ҷавонони имрӯза бояд маъноҳои ҳар яке аз ин истилоҳҳоро донанд, мазмуну моҳияти онҳоро фаҳманд. Ҳар якеро аз дигаре фарқ карда тавонанд. Мисол аз ҳаёти имрӯзаи мо ин аст, ки истилоҳҳои террор, терроризм, экстремизм, ҷанги сард, расонаи иттилоотӣ, дониши расонаӣ ва ғайраҳо бисёр истифода бурда мешаванд. Баъзеи ин терминҳо ба маънои мусбат кор фармуда шуда, баъзеи дигар ба маънои манфӣ корбурд мешаванд. Вобаста ба мазмун ва маънои худ онҳо амалҳои хуб ё бадро ба сомон мерасонанд, яъне моҳияти мусбат ё манфӣ доранд. Барои он ки мазмун ва моҳияти ин ё он истилоҳро мо дуруст фаҳмем ва дарк намоем, бояд аз асли баромади ин калимаҳо бохабар бошем. Ин кор барои мо-ҷавонони имрӯза ниҳоят зарур ва муҳим аст, зеро ки мо ҷавонони солҳои 80-90-уми асри XX нестем, чунки тафаккури мо тамоман пеш рафтаасту замона ҳам дигар гаштааст. Ба қавли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯем: -Кунун замона дигар гашту ман ҳам дигар гаштам... 

Вобаста ба ҳамин мавзӯъ ман дар бораи калимаҳои “терроризм” ва “экстремизм” истода мегузарам. “Терроризм” аз калимаи лотинии “террор” гирифта шуда, маънояш тарсонидан аст. Охирин ҳадди террор то ҷисмонан маҳв намудан, нобуд сохтан мебошад. “Экстремизм” низ калимаи лотинӣ буда, маънояш моил будан, тарафдор будан, ихлосмандӣ доштан ба чораҳои охирини ин ё он кор (асосан дар сиёсат) аст, яъне экстремизм низ аз ҷиҳати маъно бо террорризм як аст, фақат дараҷаи олии терроризм мебошад. Тафсири ин калимаҳо аз китоби “Краткий словарь иностранных слов” (Москва-1968, стр. 309 и 369) гирифта шудааст. Дар китоби “Русско-таджикский словарь” (Москва-1985, стр. 1098 и 1230) калимаи “террор” ҳамчун даҳшат кардан,  даҳшатандозӣ ва “экстремизм” чун моҷароҷӯӣ, моҷароҷӯ тарҷума шудааст. Акнун мо мазмуни ин калимаҳоро фаҳмидем. Ҳоло мебинем, ки аслан дар ҳаёт воқеа чӣ хел аст. Ҳоло террористон ва экстремистон ҳам амалҳои бад, манфӣ, ба зарари одамон, ба хотири ноором кардани ин ё он давлатро анҷом дода истодаанд. Натиҷаи амалҳои онҳо фақат тарсонидани одамон, воҳима барангехтан, байни одамон душманӣ ба амал овардан, ба амал овардани ҳисси нобоварӣ ба сиёсати давлат ва ҳукумат аст. Бо ин амалҳои худ онҳо боварии одамонро нисбат ба роҳбарон кам кардан мехоҳанд.

Оид ба ин мавзӯъ мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Қариб ҳар рӯз мо аз воситаҳои ахбори омма мешунавем ё мехонем, ки террористону экстремистон дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амали бад содир кардаанд. Дар натиҷа шахсони бегуноҳ ҳалок мешаванд, одамони зиёде маъюбу маслуқ мегарданд. Мисол: Дар чанд шаҳрҳои Амрико террористон мошинаро ба сӯи одамон дар истгоҳи серодам равона карданд. Чанд маротиба дар метро, ки нақлиёти зеризаминӣ ва ниҳоят серодам аст, таркиш ба амал оварданд. Якчанд сол пеш ин қабил одамон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистони худамон 3-4 сайёҳи хориҷиро қатл намуданд. Мақсади онҳо якто буд: сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон наоянд ё обрӯи Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон паст гардад. Боз як мисол: ҳоло як моҳ нашудааст, ки як гурӯҳ одамон дар шаҳри Хоруғ (маркази ВМКБ) издиҳоми одамонро ҷамъ оварда, ҳатто ҷасади 2-3 нафарро ба намоиш гузоштанд. Мақсади онҳо ба амал овардани норозигии мардум буд. Албатта, ин гуна бетартибиҳо дар кишвари мо тез бартараф карда мешаванд, зеро ақли солим,  хиради воло, ақидаи нек ҳама вақт ғолиб меояд. Мо кайҳо хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштани аъзоёни “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-қоида”, “Ҳизби назҳати ислом”, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллии тоҷикон” ва дигарҳоро фаҳмидаем. Барои ин ақли солим, дониши ҳаматарафа, иродаи матину устувор доштан лозим аст.     Мо-ҷавонон бояд ҳама вақт аз рӯи гуфтаи китоби “Авесто”  амал намоем: “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек”. 70 фоизи аҳолии Тоҷикистони мо ҷавононанд. Ба мо Ватан, падару модар, бобою модаркалонҳо, Президенти кишвар боварии калон доранд. Бояд ба боварии онҳо сазовор бошем ва аз рӯи ақлу хиради солим амал намуда, ободгари Тоҷикистони азизамон гардем.

 

Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд