Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар тақвият ёфтани нерӯи зеҳнӣ ҷавонон ва қобилияти ташкилотчигии онҳо дар мадди аввал меистад. Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Соли 2017 Соли ҷавонон эълом гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар бинои марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби ҷавонон дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Дар ин росто таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол рӯи кор омад, нишонаи возеҳи эътимод ва боварии Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад.  Ин ниҳоди ҷамъиятӣ бо мақсади пеш аз ҳама иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи онҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ,  фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ, дастгирии барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои пешбарикардаи он дар интихоботҳо, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар мебошад. Зеро кадрҳои ҷавон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами Сарвари давлат гузашта, садоқат ба Ватану обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат натанҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Туфайли ин ғамхорихои рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» ва ҷои дигар зикр намудаанд, ки “Ҳоло мо дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони кишвар вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд”.

Бо вуҷуди фаъолияти густурда ҳанӯз  кор дар самти ҷалби аъзо ба сафи ташкилот, тарғибу ташвиқу нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  чандон чашмрас нест. 

Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд. Зеро бахшидани як сол барои ҷавонон баҳри рушди босуботи ҷавонони кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда кори басо бузург буда, бори дигар исботи он мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони саодатмани кишвар боварию эътимоди қавӣ дошта, бо онҳо ифтихор менамояд. 

Барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишваро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намояд.

Фарҳоди Андалеб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд