Дар арафаи солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ёд аз замони парокандави беҳокимиятии солҳои навадум кардан сабақи хубе хоҳад буд, барои онҳое, ки ба қадри сулҳу оромӣ намерасанд.

Воқеаҳои даҳшатовару хонумонсӯзи солхои 90-ум дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳз бо ташабуси ҳамон нафароне  ба миён омада буд, ки мехостан Исломро сиёсӣ гардонанд. Дар он солҳо як гурӯҳ шахсони мансабталош хостанд, ки Исломро истифода намуда,  ба мақсадҳои нопоки худ ноил  гарданд. Чи тавре, ки баъдан бархе аз ҷанговарони мухолифин коил шуда, иброз доштанд, ки аз хориҷа ба онхо яроқу аслиҳаи ҷангӣ, маблағ, хӯрокаву пӯшока ва ҳатто ҷанговарони хориҷӣ фиристода мешуданд. Ин кумакхо барои мухолифине, ки мехост хукумати конунии кишварро сарнагун созад аз куҷо меомаданд? Аз байн рафтани  Тоҷикистон хамчун давлат ба манфиати кӣ буд? Чаро он нафароне, ки худро дар ҳамон солҳо руҳониву мусалмони асил метарошидан мардумро даъват накарданд, ки майдонхоро тарк намоянд ва ба бе тартибихо роҳ надиҳанд? Чаро онҳо Тоҷикистонро ба вартаи нестӣ мебурданд?  Магар кирдорҳои даҳшатбори онвақтаи  онҳо аз рӯи мусалмонист? Онҳо Тоҷикистонро қариб  ба нестӣ оварда буданд. Хазинаҳои давлат талаву тороҷ, корхонаву муассисахо муфлису бекор, мардум саргардону гуруснаву мотамзада ва Точикистон дар алангаи оташ месӯхт. Кӣ Тоҷикистонро аз ин варта баровард? Кӣ ташабускори сулҳ шуд? Кӣ гурезагонро ба ватан баргардонд? Кӣ Точикистонро ба имрӯз расонид?

Маҳз сиёсати сулҳофарин ва  Ваҳдати милли Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол имконият дод, ки  дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳеро тай намояд, ки он шояд  ба садсолаҳо  баробар бошад. Илми таърих собит месозад, ки ягон халқу миллат нест, ки  гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар чунин муддати кўтоҳ аз он бурун омада, сиёсати сулҳофаринӣ ва бунёдкоронаро пеша карда бошад.   Барои исботи ин фикр ба мо дур рафтан зарур нест. Ҷанги хонумонсўзи Афғонистони ҳамсоя, вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар Ироқ, ҳодисаҳои сиёсие, ки моҳҳои охир дар як қатор давлатҳои Арабу Африқо ва Украина ба вуқуъ пайвастанд, исботи фикри боло мебошанд.

      Мардуми  Суғдзамин бо ифтихор гуфта метавонанд, ки оғози сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, махз дар ҳамин ҷой, аниқтараш аз қасри овозадори  Арбоб оғоз ёфтааст. Баъди интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ яке аз иштирокчиёни кўҳансоли Иҷлосияи ХУI – ум ба назди ў омада чунин гуфт: «Писарам! Умеди тамоми Тоҷикистон ба Шумост! Шуморо мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем. Дили  ҳамаи мо гувоҳ бар он аст, ки пои қадами шумо файзбор меояд». Ва дар ҷавоб роҳбари ҷавон  гуфт: «Падар, як роҳ моро ба мурод мерасонад. Ин сулҳу салоҳ аст». Ва дар муроҷиати аввалинаш ба мардум гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва ў ин сулҳро ба халқи худ эҳдо намуд. 

Ҳамин тариқ, сиёсати истиқлолхоҳона ва ноил гаштан  ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он пешвои тоҷикон, Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон меистод, ҷомаи амал пӯшида, рӯз аз рӯз густариш меёбад.   Миллати тоҷик бо чунин сарвари хирадманди худ метавонад аз имтиҳону мушкилот ва ихтилофотҳои замони пурталотуми сиёсӣ сарбаландона берун ояд.

Наргис Ҳомидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд