Бо ифтихори волои шаҳрванди аз Тоҷӣкистони соҳибистиқлол метавон гуфт, ки мо марудмони соҳибиқболем, зеро миллате нест, ки чун диёри мо сарсабзу дилоро ва биҳишосо бошад. Муҳимтараш соҳиби фарҳанг арзишҳои милливу давлатӣ ва сулҳу субот аст. Бале Точикистон имрӯзҳо ба мархилаи нави рушд ворид гардида истодааст, вале хушбахтона ҳарчанд, ки тозаистиқлол бошад ҳам ҷойгоҳи он дарт ҳама созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ махсус аниқкарда шудааст. Ба он хотир, ки ҳмеша дар конфронсҳои ин созмонҳо аз ҷониби сарвари хирадманду маърифатпешаи миллатамон ташаббусҳои созанда ва ғайриинтизор пешниҳод гардида, тамаоми марудми оламро дар ҳайрат мегузорад, ки марудми тоҷик то ин дараҷа башардӯту фозилу донишманданд.

Вақте, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии сарвари фархундасози кишвар барои гом задам ба сӯи фардои дурахшон иқдом гирифтанд гӯиё ба ташаббусҳо созандаи марудми ба қавле Худо назар карду зина ба зина кишварвамон ба дастовардҳои муҳиму сиёсӣ ноил гардид. Агар ин барои марудмони шарафманди тоҷик қадамҳои нек ба хотири осудагиву осоиштагӣ бошад, нафарони алоҳидае буданд, ки мехостанд моро пешпо зананд. Зеро онҳо нотавонбину бадхоҳу беватананд. Маҳз ҳамин берисолативу бетамизи онҳоро зиндаги аз риояи одагарӣ берун овардааст. Агар ҳамаи онҳо заррае виҷдон медоштанд, худ неки карда наметавонанд охир ҳадди ақал бадӣ ҳам накуаннд. Дил наозоранд. Модари худро зану фарзандоги худро шигифтангез нагардонанд. Ин нафарони аз Худо бехабар ҳамеша дунболи он мегарданд, ки сохти давлатдории демократиамон вайрон гардаду марудмон ва қудрати миллати тоҷикро қурбонии ҷаҳолти манфиатҷӯён намоянд. Танҳо аз камбудиву норасогиҳои зиндагонии марудм ҳарф зада онҳоро бар зидди давлат мешӯронанд. Боре фикр намекунанд, ки аз замони он ҷнги бародаркуш то кунун зиндагонии мардум то чи андоза тағйир ёфтаву мардум бидуни тарс зиндаги доранд, ки худ ҳамин бахти бузурги зиндаги аст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар хаёти иктисоди, сиёси ва ичтимоии чумхури муаммохои зиёде мавчуд мебошанд. Аммо ҳамаи он низ батарф карда шуда истодааст. Бояд гуфт, ки тинҷӣю ороми дар кишвар ҳукмфармо бошад ҳама камбудиҳо бартараф мегарданд. Дар кишвари мо хамеша амниятяи кишвар дар мадди назари Пешвои миллат меистад.

Тоҷикистон сарзамини куҳанбунёдро марди хирадманду фозилу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди накӯкору башардӯст мо сарбаланд гаштаему сулҳ ба даст овардем.

Раҳимҷон Зокиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд