Маҳз бо баимзорасидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ободии Тоҷикистону озодии миллати он оғоз гардид. Ин таҷрибаи хунин ба мо дарси ибрат аст, ва рафтори нохалафонаи наҳзатиҳо бараъкс дар қалбамон меҳри Ватанро даҳчанд афзун намуда, бар зидди чунин ватанфурӯшон муттаҳид месозад. Акнун Тоҷикистон макони сулҳ аст, дигар ба рехтани хуни миллат касеро роҳ намедиҳем. Барои ҳимояи диёри азизамон ва пойдории сулҳ дар он ҳамеша омода ҳастем.

Ҷавонон имрӯз бояд дуруст дарк намоянд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона мебошад. Ба ҳар шаҳрванди мамлакати мо ҳуқуқи озодонаи интихоби  дин, ширкат дар маросимҳои динӣ дода шудааст. Барои иштирок дар ҳаёти динӣ муҳим нест, ки пайравони хоини Ватан гардида, боиси марги фарзандону модарони хеш гардем. Зеро мо ҳуқуқи озодонаи интихоби дин ва иштирок дар анъаноти диниро дорем. Ҳамаи кўшишҳои наҳзатиҳо дар шахсияти Кабирӣ ҳадафҳои сиёсиро пайгир дорад. Инро дуруст дарк карда, барои гумроҳ нашудани ҷавонон мубориза бурданро сармашқи кори худ қарор дода, фарзанди бонангу баномуси Ватан гардидан қарзи ҳар фарди соҳибфарҳанги тоҷик аст. Зеро Ватан-модари мост!

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Чунонки дар ибтидо зикр карда шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ингуна равияҳои ифродгаро аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Ҳамаи ин моро водор месозад, ки мо дар мардумони саодатманди диёр ватани маҳбубамонро беш аз пеш аз ин олудагиҳо эмин дорем. Дар атрофи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шуда , якҷоя бо ин вабои асри XXI  мубориза барем. Мардумро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд. Нерӯи ҷавонони диёрро  ба самти дуруст истифода барем, то ояндаи Тоҷикистон  дурахшон гардад.

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна, омӯзгори кафедраи сохтмони ДПДТТ