Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо талош ва хизматҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, шоёни таҳсин ва омӯзиш аст. Зеро мо давраи хеле мушкил ва ҳасосро аз сар гузаронида, бо вуҷуди талафоти гарони ҷоиву молӣ тавонистем як мулки ободу озодро бунёд созем.  Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд  ва   намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд, имрӯз низ аз нияти хабиси худ нагаштаанд. Мақсади асосии  мубаллиғони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу гуруҳчаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экстремизм мебошад. ТЭТ ҲНИТ, ки имрӯз дар ниқоби созмони “Паймони миллӣ ” фаъолият дорад, маҳз ба ҳамин тоифа шомил мешавад. Бинобар ҳамин, моро  лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дасисаҳои навбатии душманони  миллат  огоҳ созем.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд