Замони имрӯза бо музаффариятҳои бузурги худ аз даврони гузашта аз асрҳои пешин фарқи кулӣ дорад. Ақлу заковати беназири инсон кашфиятҳои бузургро эъҷод намуд, ки ҳар яке ба беҳдошт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсоният нигаронида шудааст. Замони имрӯзаро давраи ҷаҳоншавӣ меноманд, ки ин тараққиёти азим байни эҷодкорон халқу миллатҳои ҷаҳон як навъ мусобиқаро ба вуҷуд оварда бо баробари пирӯзиҳо, хушбахтию хуррамиҳо як навъ рақобатро ба вуҷуд овардааст. Маълум аст, ки инсон шарифтарин махлуқи рӯи замин мебошад, ки ақлу хирад, шуур эҷодкориро Худованди бузург маҳз ба инсон ато карда, Инсонро аз махлуқот бе болотарин зина гузошта ба худ ниҳоят наздик намудааст.

Одамизод дар навбати худ сазовор гардидааст, ба боварии Худованди бузург ва руҷӯъ намудааст, ба офаринишу эҷодкорӣ ва ба боварии Офаридгораш ноил шуда, қувваи хариди хешро ба созандагию эҷодкорию ободгарӣ сафарбар менамояд.

Имрӯз агар бо гуфтаи устод Рӯдакӣ ба зиндагӣ бо чашми хирад назар дӯзем, мебинем, ки ҷои қувваи ҷисмонии инсониятро техника беш аз беш гирифта ба қувваи ҷисмонии инсон  сабукӣ додааст.

 

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад он чашм к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштии соз то аз он бигзарӣ.

 

Ин шоҳбайтҳои ҷовидониро ҳоҷат ба шарҳу эҷоз нест, бо забони ширини тоҷикӣ гуфта шудааст ва асрҳои аср, ба халқҳои ҷаҳон хизмат намуда, дар муборизаи некиву бадӣ байрақи ғолибиятро насиби мардуми тоҷик гардонидааст.

Ҳарчанд ки асри XX – XXI –ро асри ҷаҳонишавӣ, асри боҳамбарангезии тамаддунҳо, асрҳои дастоварҳои бузург муаррифӣ мекунем, ин асрҳои офаранаю созандагӣ бо баробари дастовардаҳои бузург мушкилиҳои сангинро ҳам эҷод карда, ба ҳаёти мардуми ҷаҳон талхиҳои чашмнодиду гӯшношунид ва то ҳатто ба гӯшаи ақл намеомадаю ақл бовар намекардаро ба миён оварда истодааст. Инсон аз ҳама мукаррам, маҳз имрӯз бояд ҳушдор бошад, ки зиндагии хуррамонро ба ҳама накӯҳояш, ки Худованд ба инсон додааст ройгон ба бадбахтӣ аз даст надиҳад, ба гуфти Саъдии бузургвор ба ҳамдигар дасти мадад дароз намуда, роҳи аз бадбахтиҳо кӯштор, ваҳшигарӣ, ноодамӣ наҷот ёфтан ба миён гузорад, донад, ки қатъи назар аз забон мазҳаб, миллат дин ҳамаи одам аз як гавҳар бино ёфтааст.

 

           Бани Одам зи як гавҳаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард овард рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

        

         Ва аз рӯи мазмуни пурмӯҳтавои ин порча амал карда, месозад, ки дар зиндагии кӯтоҳ ба якдигар дасти мадад дароз намояд ва ба гуфти устоди бузург Рӯдакӣ аз некӯкорӣ ва некӯиҳо тӯшаи охирати худро бунёд намояд.

         Чуноне ки дар боло арзёбӣ намудем бо баробари пешрафти беназир, хавфи бадбахтиҳо ба миён омада инсонро ҳушдор медиҳад, ки даст ба дасти ҳамдигар дода бо терроризм муборизаи беамон барем. Ҳарчанд, ки саршумори терорист кам аст, аммо ин яккаю ягонаҳо офати азиме овардаанд бо сари деҳаю шаҳри вилояту сарзаминҳо, ки имрӯз ба асари ин амали номатлуб чӣ қадар харобиҳо, ҷангу хунрезиҳо дар кишварҳои ҷаҳон идома доранд.

         Душманони инсоният, душманони ҳаёти осоишт, нотавонбинон, хоинони халқу миллат дар ҳар ҷо ҳар ҷо шахсиятҳои гумроҳро побанди асири ғояҳои нопоки хеш бо роҳҳои гуногун намуда ба ҳадафҳои худ расида истодаанд.

Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон терорист на дин дорад, ягона ҳадафи ӯ офаридани бадбахтӣ ҷангу куштор, хунрезӣ мардумозорию ноодамӣ мебошад. Таҷрибаи зиндагии ҳаррӯза моро водор мекунад, ки ақлу идроки мо ҳар сония чун соат кор карда истад ва мо аз мӯ хамирро ҷудо карда тавониста бошем ва дастҷамъона бо унсурҳои нопок ба дасти ҳамдигар дода муборизаи беамон барем.

Маҳз бо ҳиллаву найранги разикони палид дар Тоҷикистони гулгул шукуфони мо дар гузаштаи наздик оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада қариб буд, ки миллати машҳури тоҷик сӯхта нобуд шавад. Шукри беадад ба меҳрубонии Худованди бузург, ки ба сари давлат шахсияти хирадманд, тавоно, донову соҳибтадбир дурандешу эҷодкор, созандаву фидокор, ватандӯсту ҷасуру олимазҳабро биншинонид, ки ин марди шариф бо ҷасорати беназир ва қаҳрамононаи хеш тамоми бадбахтиҳоро аз сари халқ дур карда зиндагии амну осоиштаро, ки зиндагии имрӯзаи мо аз ҷанноти афсонавӣ камӣ надорад насибамон гардонид. Таърих гувоҳ аст, ки бадгуҳарон, чӣ қадар фарзандро бепадар, чӣ қадар модарро бешавҳар, чӣ қадар писаронро гиребонгири падар намудаанд ва чӣ қадар мардуми меҳнаткашро ҷалои Ватан кунониданд, ки дар мамлакатҳои бегона бо мусибату хорию зорӣ ҷон ба ҳалокат супориданд. Ҷони худро ба каф гирифта фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои сазовору арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи бузурги қаҳрамонона хавфноктарин пайроҳаҳои мудҳиши муборизаро тай намуда, мардуми парокандашударо бо ғамхории падарона ба Ватан баргардонид, барои бунёди миллат ба гумроҳон авф эълон намуда барои аз нав сабзиши миллат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар Ватани гул-гулшукуфони мо, ки имрӯз амону осоиштагӣ ҳукумфармост ҳаёти хушу хуррамона ҷӯш мезанад, аммо ҳоло ҳам душманони миллат душманони мазҳаби Имоми Аъзам, Абӯҳанифа орому осудагии халқи Моро дида натавониста шахсиятҳои гумроҳ ва ақидаашон сустро ёфта ба зидди давлати мо тадбирандешӣ доранд.

Бинобар ин пеш аз ҳама падару модарон, устодон фаъолон аз як қадами ҷавонони мо бохабар шуда, ба зуҳури ҳодисаҳои номатлуб бояд муборизаи беамон баранд.

Тероризмро вабои аср, гӯем ҳам ҳам хато намекунем. Имрӯз аз васоити ахбори умум, садо ва симо матбуот ҳар яке мо бохабар ҳастем, дар кишварҳои гуногун терористон ба сари мардуми осоишта чӣ бадбахтиҳоро оварда истодаанд.

Нағз дар хотир дорем, ки солҳои гузашта бо дасти як ду терорист дар Амрико таркиши сахте ба амал омада сабабгории қурбонии беназир гардида буд бубинед он харобаю вайронкориро фарзанди инсон ба вуҷуд овардааст ва ӯ падар, модар хешу табор шояд зану фарзанд ҳам дошта бошад. Терорист, дили инсонгарона надорад, шояд дар назди вай падару модар, ватан низ як зарра арзише надошта бошад. Мақсади вай танҳо харобгарӣ, сӯхтан, куштор, хунрезӣ, ваҳшигарию ноодамӣ аст.

Ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, терористон дар кӯшиши онанд, ки ин қувваи бузургро ба манфиати ғаразноки хеш истифода бурда, ҳадафҳои нопоки хешро бо дасти ин қувваи бузург амалӣ созанд. Ба миён омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” даъвати хайрхоҳона ва некбинонаи саривақтӣ мебошад, ки ин қарор пеши роҳи бадхоҳони миллатро албатта қодир аст, гирифта тавонад. Назорати муттасил ва дастаҷамъона метавонад аз фарзанди мо шахсиятҳои бузурги таърихиро ба воя расонданд, ки барои рушди мукофоти миллат ҳиссагузорӣ намуда тавонанд.

Имрӯз аз оинаи нилгун қариб ҳар рӯз мешунавем, ки дар мамлакати ба мо ҳамсоя дар Афғонистон бо дасти терористон чӣ қадар фоҷиаҳои хунин сар зада истодааст. Бо чашми худ дида истодаем, чӣ қадар қурбониён, чӣ қадар маҷрӯҳон бо ҷисми особдидаи худ дар номину махлуқанд.

Ба гуфти Абулмаъонӣ Мирзоабдулқодири Бедил ҳаёти инсон ниҳоят кӯтоҳ, камсурсат, монанди ашки дар сари мижгон истифода мебошад, пас агар ҳаёти одам ин хел кӯтоҳ бошад, чӣ лозим бадбахти овардан ба сари инсон, чӣ лозим аст, эҷод намудани мусибату азодорӣ ба халқи олам.

 

                   Як қадам роҳ аст, бедил аз ту то домони хок,

                   Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош.

 

Имрӯз на танҳо дар Афғонистон ин ҳодисаи номатлуб ҷараён дорад дар кишварҳои дигар: Покистон, Арабистон, Белгия, Итолиё, Фаронса ва Амрико ва дигар кишварҳо ҳам ин ҳодисаи номатлубу нангин ба назар мерасад. Бо дасти терористон имрӯз дар Сурия ҷанги хонумонсӯз якчанд сол инҷониб давом карда истодааст, ки абарқудраттарин давлатҳои ҷаҳон аз қабили Русия ва Амрико барои хомӯш кардани ин ҷанги хонумонсӯз қувва масраф карда истодаанд, вале то ҳанӯз хомӯш нагардида истодааст.

Терористон ҷавонони зархаридро аз мамлакатҳои гуногун ҷамъ карда, дар ҷои ҷанги бешарафона истифода бурда истодаанд, ки ҳар яки онҳо бо ибораи халқӣ гӯем “фанатик” шудаанд. На ёди Ватану на ёди падару модару, на ёди хешу табор доранд. Терористон дар ин маҳалҳо аз дин моҳирона истифода бурда истодаанд.

Дини мубини ислом дини инсондӯстона инсонгароёна мебошад. Мазҳаби дини мубини ислом мазҳаби Имоми Аъзам, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки асрҳои аср аз имтиҳонҳои зиддии ҳаётӣ гузашта бо дастовардҳои назарраси худ ба халқи азизам муроҷиат карда мегӯям, ки маҳз имрӯз мо ҳушёрии худро аз даст надода, барои ҳифзи ғояҳои олии башардӯстонаи хирадмандонаи Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит тамоми нерӯи ақлонии худро сафар намуда муваффақ шавем, он дастоварди бузурге, ки Истиқлолият ба мо дод, ройгон аз даст надиҳем. Мо ҳушдор бошем, ки терористон имрӯз дар дохили ин динравияҳои нави зарарнокро ба вуҷуд оварда байни ҳам ба ҷанг андохта истодаанд.

Моро лозим аст, бо ин нохалафон, ноодамон муборизаи беамон бурда, ҳар як фаъолияти хешро бо мизони ақл баркашида амал намоем, ба авлоду аҷдоди худ ба бузургон ва хирадмандони худ иснод наоварем.

Ман боварӣ дорам, қувваи некӣ Ҳурмуз аз болои қувваи бадӣ – Аҳриман ғалаба карда тероризми бебунёд оқибат маҳв мегардад ва пирӯзии қувваи созанда ва эҷодкор пойдору ҷовидон мегардад.

Бобоев М.У.

мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент