Дар замони пурталотуми муосир ду навъи ҷанг ба амал оварда мешавад: ҳарбӣ ва иттилоотӣ. Ҳарбӣ муборизаи кушоди тан ба тан буда душман бевосита маълум мебошад, вале дар шароити кунуни дар ҳоли тараққии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ҷанги иттидоотӣ хело авҷ гирифтааст ва он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба чашм барало мерасад ва аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Чунончи мусоҳибаи Радиои Озодӣ ба мухолифини гурезаи тоҷик  М. Кабирӣ исботи гуфтаҳои боло мебошад. Аз таҳлили фазо мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.  

Ба хотири нигаҳдошти амният ва пешгирии ҷанги иттилооти зиракии сиёсиро на бояд аз даст дод

 

Темурхуҷаев А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд