Мардум соҳибназар ва иродатманди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон! Ҳар як шаҳрванди ваҳдатшиори кишвар аз он ифтихор дорад, ки ин минтақаи зеботарини кишвар бо кӯҳҳои сарбаафлоккашида ва мардуми ғаюру далери худ барои пойдории миллати бузурги тоҷик то кадом андоза саҳми шоиста дорад. Ин диёри биҳиштӣ воқеан ҳам барои Тоҷикистон беҳтарин сиёсатматдорон, шахсиятҳои бузурги таърихиро эҳдо кардааст ва мекунад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳар як шаҳрванди ин минтақа ба хотири  афзун намудани дониш ва малакаи худ дар бонуфузтарин муассисаҳои дохиливу хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ва бегумон Бадахшонро дарвозаи тиллоии мамлакат наменоманд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва робитаи ҳасана бо кишварҳои хориҷ имрӯз симои вилоят куллан дигар шуда, қомат афрохтани Донишгоҳи муосири Осиёи Миёна барои ғановати маънавии ин минтақа, ба ҳам омадани ҷавонони Осиёи Миёна, ки дорои дониши баланду нерӯи фитрии хосса доранд, мусоидат менамояд. Гузашта аз ин эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба ин минтақа боз ҳам зиёдтар намуд. Ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки минтақаи Бадахшоне, ки замоне аз марказ дар мавсими сармо моҳҳо ҷудо буд, имрӯз дар ҳама сол пайвандар бо дигар минтақаҳо ҳаст. Гузашта аз ин ба хотири ҳифзи марзу бум ҳамасола барои таҳкими сарҳади вилоят ва вазъи иҷтимоии сокинон маблағҳои зиёд аз буҷети кишвар масраф мегардад.

Сарвари давлат зимни сафари панҷрӯзаи худ бо нишонаи эҳтиром ба мардуми соҳибфарҳанги вилоят дилсӯзона вазъияти сиёсии вилоятро таҳлилу  баррасӣ намуда, ба хотири амну осиштагӣ дастур доданд, ки нафарони олами ҷиноӣ, гурӯҳбозу тафриқандозро ба низом дароранд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки маҳз чунин ашхоси бедилу бедин, манфиати худро аз манфиати ҷомеа боло гузошта боиси сар задани ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо мегардад. Воқеан ҳам минтақа ба тартибу низом эҳтиёҷ дошт. Агар пеши роҳи амалҳои бадкирдоронаи гурӯҳҳои ҷинояткорро ба монанди Толиб, Боқир, Ёдгор нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ҳамзамон мо медонем, ки таъсир қувваҳои беруна низ барои оромию сулҳу суботи минтақа халал ворид мекард. Халъи силоҳ, аз байн бурдани гурӯҳу «рекетҳои» шаҳр, дастҷамъона мубориза бурдан ба нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ояндаи дурахшони вилоятро кафолат медиҳад. Вагарна мардум озодона нафас гирифта наметавонанд. Ба ғиреву дасисаҳои душманони миллат бовар накунем. Зеро онҳо манфиатдори нобасомониҳо ҳастанд.

Дар шӯронидани мардум нақши «сиёсатмадори гурезпо», ки замоне роҳбарии Ҳизби сотсиал – демократии Бадахшонро бар зима дошту имрӯз бо чанд диноре ба наҳзатиҳо фурӯхта шудааст Алим Шерзамонов ҳам хеле калон аст. Ин нафари худобехабар имрӯз худро роҳбари Анҷумани «Озодандешон» эълон карда, мехоҳад ангезаи ҷанги шаҳрвандиро маҳз аз минтақаи Бадахшон хезонад. Ҳамаи мо бо гушту нохуни худ оқибатҳои фалокатбори ҷанги хонумонсӯзро эҳсос намудаем. Он замон  ба ғайр аз минтақаи Хатлон Бадахшон низ бинобар канда шудани робита бо марказ давраҳои мушкилро аз сар гузаронид. Мо шукронаи имрӯзи давлаториро намоем. Атрофи давлат ва Ҳукумат сарҷамъ шуда, пайи ободии диёр, ҳифзи меҳан ва нангу номуси Ватандорӣ бар муқобили ин нокасон, ки хориҷ аз кишвар онҳоро хоҷагон парасторӣ мекунанд, якҷоя бояд мубориза барем. Ҳамзамон бо меҳнати ҳалол, масъулияти том дастовардҳои истеҳсолии худро зиёд намоем. Фарзандонамонро дар руҳияи хештаншиносиву дӯст доштани обу хоки Ватан тарбия намоем. Зеро меҳанамонро ба ҷузъ мо каси дигар обод нахоҳад кард.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд