Муаммои  мубрами  рӯз  падидаи номатлуб, афзоиши ташкилотҳои терористиву экстремистӣ, ки таи солҳои охир  ҳамаи ҷаҳониёнро  ба  ташвиш оварда, аксар  кашварҳоро  муташанниҷ  карда истодааст. Соле чанд бо фаъолияти таҳрибкорона ва иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ дар кишвари мо низ амалҳои ваҳшиёнаи чунин гурўҳҳои ифроти ба вуқўъ пайваст. Имрўзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  ниҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Дар ҳақиқат имрӯз барои мухолифони миллат, гурӯҳҳои тундгаро мӯд гаштааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна ақидаҳои ғаразноки худро расонаӣ созанд. Чанде пеш низ гуфтугӯи онлайниии роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ хондам. Гуфтанӣ ҳастам, ки ишораи Кабирӣ аз он, ки: “Касе Тоҷикистон ватани худро дӯст медорад?” дар чист. Албатта баробари шундани ин савол кас ҷавоб мегӯяд, ки ин наҳзатиҳо носипос ва ношукр буд, ки қадри дӯстдорӣ ва оғӯшгириҳои ватанро нодида гирифт. Ба арзишҳои он зарба задани шуд ва имрӯз онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ лоиқ ба самимияти онҳо нахоҳанд гардид. Зеро хиёнаткорро Ватан намебахшад.

Масъалаи бӯҳтонангезии наҳзатиҳо боз як тарафи муаммо, ки Кабирӣ боз ба ин даст задааст. Аслан ба Кабирӣ савол дорам, ки ҳамин айбдоркуниву найрангбозӣ ба дилатон назааст? Охир то кай дурӯғ мебофед? Боре қазоват кардаед, ки умратон беҳуда сарф шуда истодааст. Зеро ҳаёт танҳо ин нест, ки ҳамеша дунболгири коре бошӣ, ки дар асл он вуҷуд надорад. Кабирӣ барои мо ин қадар машварату “меҳрубониҳо” ятон лозим нест. Дар урфият мегӯянд, ки:”Муште, ки баъди ҷанг ба ёдат расид ба сари худат зан”. Бо дарки ҳамин маъни бояд ҳар яки Шумо аз аввал меандешидед, ки Истиқлолияти давлатии мо ба осонӣ бадаст наомадааст. Ҳамин машваратҳои “дилсӯзона”и худро агар тавонед, худатон ба кор баред. Ҳоло, ки ҷавонони моро гумроҳ, дили модаронро доғдор ва фарзандони зиёдеро аз наздикон маҳрум сохтед, нав ба ёдатон расид, ки бояд кишвару миллатро эмин дорем. Ин “самимият” и худро, акнун ба аъзоёни паймонатон нисор созед. Дигар касе ҳавсалаи онро надорад, ки шуморо гӯш диҳад. Дурӯғу тӯҳматҳои мухолифонро шунавад. Шарофиддин Гадоев низ шояд аз ин дурӯғу найрангҳои Кабирӣ роҳ сӯи Ватан пеш гирифтааст. Масъалаи рабудани ӯ ин як тӯҳмати наҳзатиҳо алайҳи Ҳукумати кишвар мебошад. Кабирӣ бо ин қадар инсонҳо кор кардаӣ ва раиси ҳизб ҳам будӣ, маълум, ки дар шинохти инсон таҷриба надоштаӣ. Вагарна боре андеша кун, ки як нафар сарсупурда ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳатто бо маҷбуркунии мақомот низ кореро намекунад, ки барои ҳизбаш хиёнат шавад. Пас бидон, ки агар Шарофиддин Гадоев аз фурудгоҳ роҳ сӯи мақомот пеш гирифта бошад ҳатман, ки аз ин иштибоҳоташ пушаймон аст ва авфи худро мехоҳад, зеро дигар нияти пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро надорад.

 Моро мебояд, ки ба қадри озодӣ дар зиндагӣ, ҳаёти ширин дар бари ёру фарзанд, хоби осуда, табассум дар лабони кӯдакони маъсум ва қабл аз ҳама хонаи ободу тани саломати хеш бирасем. Шукронаи ин давлату миллати боамн кунем, дар ҳар нафаси худ бояд шукрона кунем, то ин ки дар нафасҳои минбаъда низ Худованд хайри моро бидиҳаду давлат ва ҷомеаро боз ҳам оромтару тинҷтар гардонад. 

         Башиков И.Т. сармуаллими кафедра А ва ИН