Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафшон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки нооромиҳои ҷаҳони имрӯза, хатари таҳдидҳои терроризму экстремизм, раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ба амнияти баъзе аз кишварҳо халали ҷиддӣ ворид сохта истодааст. Ва Тоҷикистон чун мамлакати сулҳхоҳ дар сиёсати давлатдориаш натанҳо ин гуна амалҳоро маҳкум мекунад, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки дар муқобили ин гуна қувваҳо дастҷамъона муборизаи беамон барад.

Ба андешаи Пешвои миллат танҳо якдиливу тифоқии мамлакатҳои ҷаҳон, баланд будани дониши сиёсӣ метавонад бар муқобили ин вабои аср истодагарӣ намояд.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Мутаассифона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳон нурпошӣ хоҳад кард.