Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепушиданд, ки ба талаботи урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспўшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Ки гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Зеро мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат, дар руҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем.

Имрўз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кӯр-кӯрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрўз бошад занон ба тарзи либоспўшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.

Баъзан дар кўчаву хиёбонҳо занонеро дидан мумкин аст, ки либоси комилан сиёҳ ба бар кардаанд ё рўймоли худро чунон печонидаанд, ки ҳатто дар маърази муд (намоиши модда) чунин либос нест. Гузашта аз ин, ба сару рўи худ онқадар сафедиву сурхӣ мемоланд, ки ҳатто занони бадахлоқ чунин намекунанд. Агар мақсад аз пўшидани сатру ҳиҷоб, риояи қоидаҳои динӣ бошад, пас одам бояд эътидолро риоя намояд.

Ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 27 сол мешавад, ки озодона ба дин пайравӣ мекунад. Давлатҳои дигари исломӣ бошад, қариб ҳазору чорсад сол дар ҷомеаи динӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рў таҷрибаи бештаре доранд.

Масалан, дар Афғонистон занон бештар либоси кабуди равшан мепушанд, дар кишварҳои арабӣ ранги дигар, ки ба иқлими минтақа мувофиқ аст истифода мебаранд. Инчунин пайравони баъзе фирқаҳо аз рўи эътиқодоти динӣ, мотам гирифта, дар сугвории Ҳазрати Ҳусайн либоси сиёҳ мепўшанд, ки ин хоси мардуми мо нест.

Чунонки қайд кардем, зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кўдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба души зан аст. Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз кадимулайём занони тоҷик либосе мепўшиданд, ки шинам бошаду ба фаъолияти меҳнатӣ халал нарасонад. Зеро мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест.

Дар робита ба ин Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:

«Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпўш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд.

Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дўши давлат ҳавола гардидааст».

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Ҳақиқатан баъзе падару модарон ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ин боис мегардад, ки аз нодонӣ ва беназоратӣ иддае аз ҷавонони роҳгумзада дар Ироқу Сурия ба куштору роҳзанӣ машғуланд, иддаи дигар бошад ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ, ба росту чап тақлид менамоянд.

Умуман либоспўши дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрўз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд. Масалан, байни ҷавонон пўшидани шими танг, ки ба соқу рони пой часпида бошад расм аст. Дар байни мардум чунин шимҳоро «сигаретка» мегўянд. Чунин шимҳои часпонро дар ғарб нафароне мепўшанд, ки ба лавотат – ҳамхобагӣ бо мардон майл доранд.

Навъи дигари либоси ҷавонон он аст, ки ҳатман бояд таҳпушакаш аз зери шим намоён бошад. Чунин либосҳоро бошад асосан сиёҳпустони минтақаи Гарлеми Ню-Йорк мепўшанд, ки бе хонаву дар ва оворагарду ҷинояткоранд. Бинобар ин падару модарон аснои харидани либос ба фарзандони худ таъкид намоянд, то дар интихоби либос бодиққат бошанд.

Гузашта аз ин ҳар кас бояд дар вақти корӣ либосеро ихтиёр кунад, ки кас тавонад фурўшандаро аз харидор, хизматрасонро аз мизоҷ фарқ кунад.

Дар ин бора Президенти кишвар ба мақомоти дахлдор чунин супориш доданд:

«Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурўшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд».

Чунонки хамагон огоҳӣ доранд, соли 2015 дар Тоҷикистон «Соли оила» эълон гардида буд. Бояд таъкид намуд, ки тарбияи фарзандон ва ҳидояти онҳо ба сўи роҳи рост аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рў, ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем.

Дар робита ба эълон гардидани «Соли оила» Ҷаноби Оли, Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд:

«Вобаста ба ин, бо дарназардошти мафкура ва дастовардҳои замони нав ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурўҳи корӣ таъсис дода, баъди омода гардидан ба Ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Таҷрибаи таърихи гузашта ва воқеияти имрўзаи кишварҳое, ки ба масъалаи таҳкими оила диққати ҷиддӣ надодаанд, нишон медиҳад, ки чунин беэътиноӣ боиси ба буҳронҳои шадиди маънавӣ ва демографӣ дучор шудани онҳо мегардад».

Нусратхон Ахмедова,

номзали илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи умумитаълимӣ