Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 августи соли 2011 қонун таҳти фармони № 762  қабул карда шуд, ки он оид ба масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мебошад. Беҳуда ин қонун қабул карда нашудааст, зеро имрӯз оила ҳамчун институти иҷтимоӣ ва унсури асосии ҳар ҷомеа бо маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ, муҳозот, меъёрҳои рафтор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое ифода ёфтааст, ки муносибатҳои дохили оиларо танзим мекунанд. Тарбияи шаҳрванди оянда маҳз дар оила оғоз мешавад, ки волидайн ва хешовандони наздик бояд дар кӯдак чунин ҳиссиёт ва арзишҳо, аз қабили арҷ гузоштан ба пирон, ҳуввияти миллӣ, ёрии ҳамдигарӣ, ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, ҳамдардӣ, раҳмдилӣ ва масъулияти якҷояро дар кӯдак гузоранд ва тарбия кунанд.

Мутобиқан, шароити мушаххаси таърихӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар давлат барои ташаккули ҷаҳонбинии мувофиқ, системаи тамоюли арзишӣ дар ноболиғон, иҷтимоикунонии ибтидоии онҳо ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилонаро талаб мекунад

Бешубҳа, марказ ва тавлидкунандаи ин равандҳои таълимӣ, тарбиявӣ, равонӣ-педагогӣ, ҳуқуқӣ ва  иҷтимоӣ бояд оила бошад, ки номутаносибии онҳо боиси инҳирофоти мухталиф дар муҳити наврасӣ, аз ҷумла шавқу ҳавас (ва ҳатто васвосӣ) ба идеологияи харобиовар, арзишҳои хаёлии либералӣ ва ғояҳои инқилобӣ, таҳаммулпазирии бардурӯғ ва ивазкунандаи онҳо мегардад. Дар бадтарин ҳолати рушд вазъияти гуфташуда, боиси содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ба амнияти ҷамъият, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, сулҳу амнияти башарият мегарданд.

Қайд кардан лозим аст, ки мушкилоти моддӣ ё маънавӣ дар оила, набудани алоқаи байни фарзандон ва падару модар, инчунин аз ҳад зиёд муҳофизат кардани онҳо, нофаҳмӣ байни онҳо, вайрон шудани муносибатҳои «оила- мактаб» ва ғарқ шудани наврасон ба фазои маҷозӣ зуҳури зуҳуроти номатлуб, аз қабили зӯроварӣ, таҷовуз, нашъамандӣ, худкушӣ ва ғайраро муайян мекунад. Аз ин рӯ, ин микроҷамъият бояд муҳити асосии таълим, макони нигоҳдорӣ, воситаи интиқоли иттилоот, фарҳанг ва арзишҳои анъанавии ҷомеа боқӣ монда, барои нашъунамои муносиб ва камолоти мукаммали наврас дастгирии эмотсионалӣ, моддӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд.

Ҳамин тавр, нақш ва аҳамияти оила нисбат ба ноболиғоне, ки бо таъсири ташкилотчиён ва идеологҳои ҷаҳонбинии харобиовар гирифтор шудаанд, дар амалҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб шуда истодаанд ё аллакай иштирок доранду дар ҳуқуқвайронкунӣ даст доштаанд, хеле меафзояд. Асоси пешгирии такрори чунин каҷравӣ набояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки назорати тарзи зиндагӣ ва доираи иҷтимоии кӯдак аз ҷониби наздикон ва дӯстони ӯ бошад. Дар баробари чунин мушоҳидаҳо на танҳо таъсири номатлубро ба наврасони кӯча балки муҳити чиноятиро низ истисно кардан мумкин аст. Рафтори зиддиҷамъиятии онҳоро бояд ба шавку ҳаваси асоси амали мусбӣ дошта  иваз кунонида, ҳамаҷониба вақти холигии онҳоро бо кори фоиданоки ҷамъиятӣ таъмин намудан зарур аст.

Дар охир гуфтан лозим аст, ки оила дар ҳар сурат бояд нақши калидӣ, пешбарӣ ва стратегиро дар пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дошта бошад. Дар пояи кори тарбиявӣ бо аъзоёни нави ҷамъият, бартаридошта дар секунчаи «падару модар — фарзанд — мактаб» ҳамчун санги асосӣ боқӣ мемонад. Ба ибораи дигар, мо ин мулоҳизаеро ҷонибдорӣ мекунем, ки кӯдакон барои волидон ҳамеша кӯдак боқӣ мемонанд, аз ин рӯ, нақши тарбиявии хешовандон ва дӯстон дар маҳаллаи мавриди омӯзиш набояд аҳамияти худро гум кунад ва ҳатто дар давраи ҳаёти мустақилонаи кӯдак ба ҷои дуюм гузошта шавад, яъне бояд характери муҳим дошта бошад.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд