Тарбияи ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрам дар ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз муайян намудани роҳи ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад.

Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад.

Дар даромадгоҳи донишгоҳи Стелленбоси (Stellenbos)  Африкои Ҷанубӣ навиштаҷоти зеринро хондан мумкин аст: “Нобудкунии ҳар гуна миллат бомбаҳои атомӣ ё истифодаи мушакҳои дурпарвозро талаб намекунад. Танҳо коҳиш додани сифати таҳсил ва иҷозати фиребу тақаллуб  ба донишҷӯён дар имтиҳонҳо талаб карда мешавад. Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон вайрон мешаванд. Асъор дар дасти чунин иқтисоддонон ва муҳосибон гум мешавад. Инсофу адолат аз дасти чунин ҳуқуқшиносон ва судяҳо гум мешавад. Шикасти таҳсилот-ин шикасти миллат аст”.

Омӯзонидани илму техникаи муосир ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи

эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии

гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.

Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».

Оиди нақши омӯзгорон дар таълиму тарбия як нуқтаи назари ниҳоят ҷолибе ҳаст. Аз нахуствазири Ҷопон пурсидаанд, ки чӣ гуна ҷопониён ба чунин пешрафт дар соҳаи илму техника аз ҳама ҷаҳониён пешсаф шуданд? Нахуствазир посух додааст: “Мо ба омўзгор моҳонаи вазир, масъулияти дипломат ва обрӯи императорро додем ва ин аст, натиҷааш”.

Бузургону хирадмандони тоҷик, омӯзгорон бо заҳмату талоши пайвастаашон метавонанд ба тарбияи ҷавонон таъсири худро расонанд.

Оре, маҳз таълиму тарбияи ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Ҷавонони мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расанд, ба неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ шукргузорӣ намоянд, зеро ки дар дунё давлату ҷомеаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора – пора шуда истодаанд.

Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму

тарбияи дуруст надодан ба ҷавонон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.

 

Абдуллоева Ҳ.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд