Ҷомеаи имрӯза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва таззодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд то масъулияти баландро ҳис намояд. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама ба сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад.

Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рӯи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарор бояд масъулияти хосаро ҳис намояд.

Дар назар бояд дошт, ки яке аз хусусиятҳои ҷомеаи демократӣ бисёрақидагии сиёсӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ақида, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро дар ҷомеа озодона баён сохта метавонанд. Бахусус, раванди ҷаҳонишавӣ дар замони муосир ба он таъсироти хешро мерасонад ва ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳо ва одатҳо, менталитети сиёсӣ таъсир мерасонад.

 Мардуми тоҷик дарк намуданд, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намуда, минбаъд баҳри ободониву созандагӣ камари ҳиммат банданд, саҳми арзандаи хешро дар пешбурди ҷомеа гузоранд, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро амалӣ созанд, Ватани ҷоноҷони хешро обод гардонанд.

Манзур аз ин гуфторҳо дар он аст, ки имрӯз ҷомеаи моро фасодкории намояндагони як ташкилоте, терористӣ эътироф шудааст, рӯз ба рӯз фаро гирифта истодааст. Намояндагони ТЭТ ҲНИ як - як аз паси парда истода бобати миллати мо ҳар гуна суханҳо гуфта ба ақидаи хеш мехоҳанд, ки гӯё бо ин корашон ба обрӯи миллату Пешвоямон зарба мезананд. Ҷавонони моро ба ҳар гуна роҳҳои фанду фиреб зери ниқоби ислом ба тарафи худ кашида аз онҳо сипоҳе омода карданианд, ки сипоҳи миллат шаванд. Ин нафарон таҳти роҳбарии шахсони сиёҳдилу беимон Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва нафари навакак, бо «озодбаёниву хушгӯиҳои худ» Равшани Темуриён бо мусоҳибон расонаҳои гуногун бобати вазъи кунунии Тоҷикистон сӯҳбатҳо гузаронида, доираи Тоҷикистонро «Ватани азизашро» бениҳоят мавриди танқид қарор додааст. Темуриён тавассути баён кардани ҳар гуна суханони бардурӯғ нисбати халқу миллати мо ва сарвари оқилу доноямон, ки барои мардуми халқ ҳамаи хушбахтиҳои дунёро насиб намудааст, этироз кардааст, ки гӯё сарвари давлат боиси бисёр пешравиҳо гаштаанд. Аз ҷумлаи он, ки замоне ӯ миёнараваки ду ҷониб гашта, ба миллат музокираи оштиро миёни тарафҳо барқарор кардан доштааст. Вале ба фикрам аз кинаву ҳасад ботинаш сӯхта хокистар шуда истодааст, ки Пешвои миллати мо марди ҷасуру доно ин қаҳрамониро бо ҳиси баланди масъулият дар назди халқ худ сулҳу салоҳро барқарор намуд. Ва баҳри устуоврӣ ва пояҳои мустаҳкамии он заминаи мусоидро фароҳам овардаст.

Бале дар Тоҷикистони мо имрӯз тамоми шароит мусоид аст, дар ҳамаи соҳаҳо. Ҳам Кабирию Равшан ва ба мисоли инҳо наҳзатиҳоро зарур меояд, ки боре сиёсату вазъи кунунии Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯзед. Агар аз нодонӣ чунин сухан гуфта бошед. Ва агар на боз ба чунин шармандагие, ки дар конфронси САҲА шуморо домангир гашт, дуюмбора аз гирдбоди он раҳо нахоҳед гашт.

Дар ҷомеаи имрӯза бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд ва аҳолӣ кулли рукнҳои диниро ба субот мерасонанд. Аммо шахсоне ёфт мешаванд, дуруст ба мисоли дар боло зикршудаҳо, ки бениҳояд «диндору исломдӯстанд» аз номи дини муқаддаси ислом баромад менамоянд, амалҳои номувофиқ содир мекунанд. Лекин бояд тазаккур дод, ки ин рафтору амалҳо ному манзалати онҳоро дар ҷомеа баланд намегардонад, обрӯ ва эътиборашонро дар байни ёру дӯстон ва хешу табор паст менамояд. Аз ин ҷиҳат падару модарон вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузург нишон дода, оянда ба ҷамъият инсони комилро ба воя расонанд.

 Гулнора Юсупова,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ