Тарбия – таъсиррасонии мақсаднок ва муташаккилона ба инкишофи ҷисмонӣ, руҳӣ ҷаҳонбинӣ, симои маънавӣ идеалу завқи эстетикии шахсият, бо маҳорату малакаҳо мусаллаҳ гардонидан ва ба ҳаёту меҳнат тайёр кардани онҳо мебошад.

Тарбия категорияи доимӣ аст, вале мазмун, шакл ва методҳои он бо дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад.

Шахсияти тарбиягиранда бо таъсири оила, рафиқон, одамони калонсоли атроф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективӣ талабагӣ ва ғ. ташаккул меёбад. Дар байни онҳо нақши таъсирбахши коллективӣ,  талабагӣ ва ғ. ташаккул меёбад.

Дар байни онҳо нақши таъсирбахши коллектив ва шахсияти тарбиягар ҳам калон аст, вале тарбиягар бояд ҳамеша дар бораи дигар соҳаҳои таъсирбахши тарбия низ фикр кунад. Ниҳоят муҳит аст, ки талаботе, ки  аз онҳо ва тарбиягар сар мезанад, бояд ягона ва бе  мухолифати  байни ҳамдигарӣ бошад.

Нақши бениҳоят муҳими ташаккулёбии шахсиятро оила мебозад. Муносибати самимӣ, таъсирбахши инфиродӣ, муносибатҳои такрорнаёбанда ба тарбия бо назардошти якҷоя ба ҳисобгирии хусусиятҳои кудакон, ки  волидайн аз тарбиягар дида бештар медонанд,ивазнашаванда аст. Аз ин ҷиҳат талаботи дастгирӣ ва мустаҳкам кардани робита бо оила дар мавридҳои ҳалли ҳамаи вазифаҳои тарбия бо маслиҳат кор кардан зарур аст.

Бинобар ин яке аз муҳимтарин омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин тарбия мебошад. Зеро ки тарбия барои ба роҳи дуруст рафтани ҳар яки насли наврас роли асосиро мебозад.

Касоне ки ба ин роҳ даромада роҳгумзада мешаванд, онҳо тарбияи дуруст нагирифтаанд, иззату ҳурмати калонсолон, модарону хоҳаронро намедонанд, ба сухани калонсолон умуман аҳамият намедиҳанд, ҳатто гӯш кардан намехоҳанд, чунки онҳо тарбияи дуруст нагирифтаанд. Вакте ки тарбияи дуруст намегиранд, онҳо илми маънавиро гирифтан намехоҳанд, ки дар натиҷа онҳоро ба роҳҳои нодуруст бурдани ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳо осон мешавад.

Барои пешгири намудани ҷавонон аз ин ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ба тарбия ва омӯзиши илми динию дунявии ҷавонон аҳамияти  хоса дода, насли наврасро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан лозим аст.

Қаюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд