Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи маҳбуби мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат, хусусан ба хотири истиқболи арзандаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон-сисолагии Истиқлоли давлатӣ, содиқонаву софдилона заҳмат кашиданд ва ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардиданд.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».

Дар ҳақиқат, сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои  муқаддасе табдил ёфта, дар ташаккули  ахлоқу зиндагии маънавии ҷомеаи имрўзаи мо қадру қиммати баланд пайдо кардааст.

Соли 2022 дар Ватани азизамон ҷашнҳои 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил хоҳад шуд.

Гарчанде 30-сол дар назди таърих начандон муддатест, дар ин фурсат дар назди миллати ҷафокашидаи тоҷик оид ба сарҷамъ намудани беш аз як миллион фирориён, қабули Конститутсия, рамзҳои давлатӣ ва дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ беҳдошти вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Вале, новобаста ба ин дар ҷомеа ҳастанд афроди гумроҳзада, ки дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Худбохтагону нохудогоҳон, лошахӯрони хориҷиҳо ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Лекин онҳо худ намедонанд, ки шағоле ҳастану лошахурӣ хориҷиҳо мебошанд. Онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Имрӯз ин хоинон шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи мамлакатро бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд.

Вобаста ба ин, моро мебояд то аз як гиребон сар барорем, ба фитнаву дурӯғи бегонагон дода нашуда, дар пайи ободиву осудагии кишварамон камари ҳиммат бандем. Бояд донист, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, зарур аст, ки оромию осоиштагиро риоя намоем. Иттиҳоду сарҷамъиро пеш бигирему барои наслҳоямон чун созандаву бунёдкор шинохта шавем. Якдилӣ ва ҳамрайъии мардуми Тоҷикистон қувваи бузургест, ки ободию озодӣ ва ягонагии миллати тоҷикро ҳифз мекунад.

Зеро, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин буда, он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.   

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд