Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва ҷиҳати дастгири  ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

   Ҷавобан ба ин ғамхориҳои ҳукумату давлат ҷавононро мебояд, ки аз шароитҳои мусоид истифода бурда, илм омӯзанд, вақти бебаҳои худро ба корҳои беҳуда сарф нанамуда, соҳиби касбу кори муайян гардида, зиндагияшонро хушбахтона  пеш баранд.  Махсусан, дар замони ҳозирае, ки вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя Афғонистон дар ҳолати муташанниҷу ноором қарор дорад, ҳифзи  марзу бум ва амнияти мардум дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро бояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бо воситаҳои шабакаҳои интернет  ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ-экстремистӣ фирефта нашуда,  ба Ватани худ содиқ бимонанд ва ба сиёсати одилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намоянд.  
   Ҷавонону наврасонро мебояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориро омӯзанд. Дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад.

    Мо бо чунин ҷавонони  меҳанпарвар, ташаббускор ва созанда ифтихор менамоем   ва арзи онҳоро нисбати қабул ба  аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан”   хуш мепазирем. Ва боварии комил дорем, ки Шумо пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат хоҳед гашт.

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд