Барои рақобати солими сиёсӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд. Роҳбарону масъулони ин ҳизбҳо мекӯшанд, бо барномаву дурнамои мукаммали худ тарафтодорони худро зиёд намоянд. Яъне, муборизаи солими сиёсиро аз ин интихобот то интихоботи дигар пеш мебаранд. Дар кишвари мо низ аксари ҳизбҳо маҳз аз чунин шеваи корбарӣ истифода мебаранд. Натиҷаи плюрализм ва имконияти баробар додан барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ буд, ки то соли 2015 дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳо бо барномаи пешазинтихоботии худ вориди рақобат гардид. Натиҷаи интихобот маълум намуд, ки на ҳамаи ҳизбҳо миёни омма маҳбубият доранд. Махсусан масъулони ҲНИ ҳеҷ гумон надоштанд, ки чунин овози пастро соҳиб мешаванд. Муҳиддин Кабирӣ ва кормандони дастгоҳашон умедвор буданд,ки лоақл 3- 4 нафарашон аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони кишвар ворид мешаванд.Аммо тарбуз аз бағал афтид...

Ва оғоз шуданд нақшаҳои “Б” ин ҳизб, ки дар сурати пирӯзӣ нашудан мехостанд дар кишвар нооромиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ин васила давлати исломӣ бунёд намоянд.  

Сентябри соли 2015 як гурўҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ҲНИ М.Кабирӣ меистад. ҲНИ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кўшиш кард. Аммо тираш хок хўрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад. 

Дар натиҷаи ҳамин мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзўр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзўр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пўшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 28 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

Раҳимова М.А., устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология