Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро дар баробари рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ  нисбати осебпазирии қишри ҳассоси ҷомеа –ҷавонон  бобати эътибори хоса додан  ба  фанноварии муосир, нагаравидани онҳо  ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд.  Аз ҷумла зикр намудаанд, ки  аз устодону омӯзгорон ва волидон тақозо карда шавад, ки диққати наврасон  ва донишҷӯёнро барои азбар намудани  донишхои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, зоҳирпарастиву ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоянд. Зеро солҳои охир зуҳуроти терроризм  ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта,  ҷаҳони  муосирро ба ташвиш овардааст.  Мутаассифона кувваи  асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим  ташаккул медиҳанд.

Воқеан терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки  ба масоили мубрам табдил ёфтааст. Фоҷеаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик  ба вуқуъ пайвастааст, ҳеҷ ашхоси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замина тарбияи  дуруст ва дар ҷодаи худшиносию худогоҳии миллӣ  тарбия намудани насли наврас  вазифаи ҷонии мо устодон ба шумор меравад.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба монанди ҲНИ, ки ҷаҳонро  ба таҳлука андохтаанд, ки хадафи асосии онҳо аз байн бурдани якпорчагии  давлат ва қатлу куштор  ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд. Дар замони муосир аксари гурӯҳҳои террористӣ  ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва ба номи ислом ин амалҳои нангинро рабт медиҳанд.  Кисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши фарохи дунявӣ. Бо ваъдаҳои пӯч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе, ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад ва рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст то хонад, маърифатнок шавад. Тангназарон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масъулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинаву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз чаҳоряк аср танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои хеш интихоб кард. Ҷахду талошҳои Сарвари кишварамон ҳамарӯза баҳри некуаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагию мақоми байналмиллалии Ҷумхурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Аз ин рӯ, мебояд мо, устодон машғулиятҳои тарбиявиро  дар муассисаҳои ҷиддӣ ба роҳ монда, донишҷӯёну хонандагонро аз  вазъияти сиёсии ҷаҳон огоҳ намуда, ба онҳо бифаҳмонем, ки сулҳу вахдат ва истиқлолият неъмати бебаҳоянд. Бояд ба қадри сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвари хеш бирасем ва баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон талош варзем. Маҳз ин аст рисолати ватандорӣ ва ҳифзи якпорчаги марзу буми Меҳан.

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои физика ва математика,

дотсенти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд