Вақте дар телевизиони вилояти Суғд навореро аз рӯзгори чанд тан аз сокинони вилоят, ки гумроҳона ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шуда, чандин сол банди асорат гардиданд, дида, ростӣ хеле ғамзада шудам. Ба худ андешидам, ки ба чунин ҷавононе, ки ба гирдоби бало ғӯтавар шудаанд, чӣ намерасид? Имрӯз бо ҷавонон дар сӯҳбат шавӣ ҳатман аз набудани ҷойи кор ва шароити зиндагӣ лаб ба шиква мекунанд. Ба андешаҳои онҳо зиндагии шоҳонаро танҳо кор кардан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст овардан мумкин аст. Аммо ин нафарон боре ҳам фикр намекунанд, ки зиндагии осудаҳолонаро дар Ватани худ ҳам фароҳам овардан мумкин аст, ба ин пеш аз ҳама таҳаммулпазириву меҳнатдӯстӣ, масъулиятпешгиву иродаи қавӣ доштан лозим аст. Сармояи зиндагиро метавон ба ҳар восита ёфт. Оддитарин машғулият ин касби кишоварзист. Магар мо фаромӯш кардаем, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чи гуна шароит дошт? Нони хӯрданӣ набуд, дар минтақаҳои ҷануби кишвар мардум аз камбудии ғалла кунҷора ва дигар ғизои ғайриқабулро истемол кардан, варам намуда, ҷон ба ҳақ супориданд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳои мушкилу ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи хеш аз сокинони кишвар даъват намуданд, ки фарҳанги заминдориро ба хуби омӯхта, рӯзии худро аз замин ёбанд. Бо ду фармони худ Сарвари давлат 75 ҳазор гектар заминҳоро ҳамчун замини «Президентӣ» ба аҳолӣ тақсим карда доданд. Ин тадбир хатари гуруснагӣ, қаҳатию, қиматиро аз байн бардошт.  Имрӯз ин заминҳо бекорхобидаанд, касе дасту дили меҳнаткарданро надорад. Халқ, ки сер шуд, танбал шуд. Ҳама зиндагии афсонавӣ ва шоҳонаро орзу карда, дар тақлид ба дигарон озими кишвари Русия ва дигар мамлакатҳо шуданд. Ман бо ин навиштаҳои худ он муҳоҷирони меҳатие, ки имрӯз дар Русия меҳнати софдилона карда истодаанд, ҳаргиз мазаммат карданӣ нестам. Оне, ки меҳнатдӯст аст, як бурида нонашро дар Ватан ва ё дар хориҷ ёфта мехӯрад. Аммо хиштеро ба хишт зам кардан, Ватани худро обод кардан, онро сидқан дӯст доштан, ба мушкилиҳои он тоб овардан низ як гӯшаи имон аст. Бояд гуфт, ки Худованд онеро бештар дӯст медорад, ки аввал меҳр ба Ватанаш дошта бошад, баъдан эҳтироми волидонро ба ҷо орад ва сеюмин ба фарзандонаш шароити созгор барои таҳсили илм фароҳам оварда бошад.

Рӯзгори талхи Шафоатхонқизӣ Муҳаммадхон, сокини сокини шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ-1, Уроқава Оқила Бобурҷоновна, зода ва сокини ноҳияи Спитамен, чамоати дехоти Тағояк, деҳаи Тағояк, Юсупов Бахтиёр Юнусович, истикоматкунандаи шахри Исфара, чамоати шахраки Исфара, дехаи Калъачаи Мазор, Қурбонова (Ҷабборқулова) Уғулой Аъзамовна, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Пошкент, деҳаи Якабоғ, Эрматов Ҳимойиддин Ҷавлониддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ, Холматов Олимчон Шарифбоевич, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати Тағояк, деҳаи Тағояк ва Хуҷамонов Муродҷон Абдумаминович, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Тағояк бояд барои мо дарси ибрат бошад. Нафарони болозикрро маҳз орзуи беҳтар зиндагӣ кардан ба мулки Русия бурд, аммо онҳо онҷо ба фиребу дасисаҳои миёнаравҳои аъзоёни ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, , “Толибон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”,  “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ дода шуда, тақдири худу фарзандонро ба боди сарсониву нигаронӣ бурданд. Чунончи шаҳрванд  Шафоатхонқизӣ Муҳаммадхон ба суханони шавҳарашшавандаш бовар карда, солҳои сол дар мулки афғон зиндагонии бадтар аз сагона дошт. Шавҳарашро бошад, манқуротони «исломхоҳ», аъзои ҷамъияти «Ансоруллоҳ» бо номи Абдуқодир, Табаров Амриддин, Нарзуллоев Алишер бо тахаллуси «Доктор Саид» бо суханбозиву ваъдаи  ба ҷаннат рафтан гумроҳ карданд. Дар натиҷа шавҳараш Ҳоҷиматов Фурқат дар ин ҷангҳои бемаънӣ ба ҳалокат мерасад. Тавре аз маълумотҳои додаи ин гумроҳон бармеояд, ҳамаи онҳо тақдири  якхела доранд. Маълум мешавад, ки аъзоёни фаъоли ҳаракатҳои экстремистию террористӣ якҷоя амал карда асосан он нафароне, ки дониши сиёсии казоӣ надоранду мӯҳтоҷи ёриву дастгирианд мавриди «шикор»-и онҳо қарор мегиранд. Ин нафарон ба мисоли Табаров Амриддин, Алӣ, Нурулло ва даҳхои дигар дар масҷидҳои Федератсия Русия ҳини намозгузорӣ «тӯъмаҳо»- и худро аввал бо ваъдаи пули зиёд додан, баъдан бо мавизахонию тарсро дар ботини нафарони гумроҳшода ворид кардан ва ахиран бо мақсади ҷиҳод кардан барои Амалҳои таҳрибкоронаи худ устокорона истифода мебурданд. Аксари ҷавонони гумроҳ тавассути давлати Туркия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳрҳои Машҳаду Зоҳидон оварда шуда, он ҷо таълимии динӣ мегиранд. Баъдан ба Афғонистон аз он ҷо ба вилояти Вазиристони Покистон оварда мешаванд. Рӯзгори чанд тан аз сокинони кишвар шаммае аз баҳр аст, ки бо кӯмаки мақомотҳои қудратии кишвар ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин ҷо суханони раиси ба номи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ба ёд меояд, ки борҳо дар суханрониҳои хеш аз даст надоштани ин ҳиб ба ҷараёнҳои экстремистию террористӣ сухан мекард. Аммо шоҳидони ҳол  баён медоштанд, ки аксари таблиғгарони даъват ба ҷиҳод маҳз парвардаҳои ҳизби экстремистию терроистии ҲНИ будаанд. Гузашта аз ин Ҷумҳурии Исломии Эрон як воситаи интиқоли террористон ба кишварҳои ҷангзада маҳсуб меёбад.

Чунончи Юсупов Бахтиёр иқрор шудааст, ки  бо супориш ва дастурҳои мулло Амриддин, Салмон, Асадулло аз Исфара ва Ахмади истаравшанӣ, ки ҳамагӣ аъзои фаъоли ҷамоати «Ансурулоҳ», шарики наздики ҲНИ, ки асосан машқҳои ҳарбииро дар Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон ва Эрон гузаронидаанд, тариқи дехаи Навободи Қалъаи Золи вулусволии Имом Сохиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба деҳаи Карадуми ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ворид гардида, нияти ҳамлаи мусаллахона анҷом додан ба сохторҳои ҳифзи ҳукуқро дар минтақаи Рашт доштан. Аммо ин нақшаҳояшон амалӣ нашуданд. Ҳоло расонаҳои хабарӣ иброз медоранд, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нафарони зиёде аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи даромадан ба Тоҷикистон ва қасди барпо кардани ҷангро доранд. Ин нафарон ҳамагӣ фирефтаи оғоёни эронию афғонӣ ва покистонии худ ҳастанд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки нафарони гумроҳшуда зану фарзанди худро ба  ин доми тазвир мекашанд. Худ тасаввур кунед, руҳияи фарзандон дар чунин муҳит чи ҳел мешавад. Вақте ҳар рӯз садои тиру туфанг, дашному ҳақорати якдигарро шунаванд. Аз нақли Шафоатхон бармеояд, ки фарзандони ӯ шоҳиди таркидани хонаи зисташон шудааст. Магар ин амал ба руҳу равони кӯдак таъсир намегузорад? Дарднокиаш боз он аст, ки волидони чӣ гуноҳ доранд, ки фарзандон ба ҷои дасти онҳоро гирифтан солҳои сол онҳоро азоби интизорӣ медиҳанд.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ходими дин  дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон ба монанди ҲНИ нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на. Ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад. Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад. Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд. Ҳамаи ин корҳо беширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд. 

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд