Айни замон  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳар чӣ бештар бо донишу маърифати сиёсӣ ва улуми ҷамъиятшиносӣ фаро гирифтани ҷавонон  беандоза зиёд аст.   Бахусус,   “Соли ҷавонон” эълон шудани соли 2017 барои оғози марҳилаи тозаи  баррасии самтҳои фаъолияти ҷавонон ва таҷдиди назар ба барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи шаклҳои таҳсилот дар арсаи ҷаҳонишавӣ шароити мусоиде фароҳам овард.

Дар замони рушди техника ва технология ва арсаи ҷаҳонишавӣ инсони замони муосирро лозим аст, ки бо донишу маърифати сиёсӣ ва улуми ҷамъиятшиносӣ мусаллаҳ бошад, зеро инсони мутааллиқ ба  ҷомеаи мутамаддин ҳаргиз берун аз равандҳои иҷтимоӣ ва бетараф ба рӯйдодҳои сиёсӣ буда наметавонад. Пас, фарогирии улуми ҷамъиятшиносӣ омили муҳими камолоти маънавии инсон дар ҷомеаи муосир маҳсуб мегардад.

Фазои сиёсии ҷаҳони имрӯз дар қиёс ба дигар давру замонҳо осебпазир ва хатарафзо гардидааст. Ҳарчанд дастовардҳои илму техника фаъолияти ҳамарӯзаи инсонро бештар осону мақсаднок ва барои зиндагии бофароғат шароит муҳайё менамояд, боз ҳам хатари дигаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад. Дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот ва истифодаву корбасти онҳо, аз як тараф, агар барои такмили маърифат ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа мусоидат намояд, аз тарафи дигар, хавфи гирифторӣ ва мондан зери таъсири мафкураи бегонаро пеш меорад. Махсусан, барои наврасон ва ҷавонон, ки дар ин синну сол хеле таъсирпазиру ҷӯё ҳастанд ва тобиши саробу рангрезиҳои маснӯъ дар назари эшон муҷаллотар таровиш дорад, ин воситаҳо ба ҳайси як дастгоҳи рабоянда хизмат хоҳанд кард. Ашхоси манфиатҷӯ ва ҷонибҳои судхоҳ ҳаргиз ин шонсро аз даст нахоҳанд дод ва ҳар чӣ бештар аз имконоти пешомада ба кор хоҳанд бурд, то ба ҳадафҳои муайяни хеш дар самти ҷоҳталабиву ифротгароӣ комёб бигарданд. Дар ин ҷода аз фаъолияти ҳизби наҳзати ислом метавон ба ҳайси намуна ёдовар гашт. Аллакай собит шудааст, ки амалиёти манфиатҷӯёни ин ҳизби мамнӯъ маҳз дар шаклу услубе қарор дошт, ки тавассути манбаъҳои иттилоотӣ бештар ба нишон мерасад.

Дар ҷомеае, ки пояҳои иқтисодиву иҷтимоии он дар холигоҳи маънавӣ рушд мекунад, хавфи қарор гирифтан зери таъсири ақоиди мухталифе, ки пояҳои иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мафкуравиро решакан менамояд, бештар аст. Аз ин рӯ, бо дарки комил аз қавонини ин раванди хатарзо ниёз ба омӯзиши улуми ҷомеашиносӣ пеш омадааст, то бо ин роҳ пояҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ устувор гардад ва дар ҷомеа иттиҳоде ташаккул ёбад, ки ба ҳайси як қалъаи устувору муҳкам аз бодаку шамолакҳои айём осеб напазирад.

Имрӯз, ки ҷомеаи мо дар фарози талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои ормонӣ қарор дорад, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки низоми ҷамъиятӣ ва оини давлатдорӣ эътироф гардида, борҳо дар мулоқоту суханрониҳои сарвари давлат нақши меҳварии соҳа дар сиёсати куллии давлатӣ таъкид шудааст.

Гумон мекунам, ки чун самти аслии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва бохираду закӣ аст, саъю талошҳои якояки мо чун узви ҷудонопазири ин ҷомеа ба хотири тарбияи ҷавонони бофарҳанг, хушахлоқ, ватандӯст, ояндасоз ва фардонигар аст.

Барои рақобатпазир будан ба ҷаҳон насли пешгом ва созандае тарбия намоем, ки қудрати ватанро ҳимоя кардан, арзишҳои маънавии онро ҳифз ва ба фардоиён аз худ мерос гузоштанро дошта бошад.

Аз ин рў, ҳадафи аслӣ аз нерӯ бахшидан ба омӯзиши улуми ҷамъиятшиносӣ маҳз ба хотири тақвияти ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, қадршиносӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва бо ин роҳ устувор намудани пояҳои ҷомеаи маънавиасос маҳсуб мегардад. Умедворам, ки сиёсати ҷории ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити мусоид дар бахши тарбияи маънавӣ ва аз ин роҳ таъсиргузорӣ дар худогоҳии миллии ҷавонон роҳи тозаеро боз хоҳад намуд.

 

Бобоева Таиба,

устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ