Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсияти таърихиву мондагори Бобоҷон Ғафуров арҷ гузошта, китоби ин олими тавоно, ходими барҷастаи сиёсиву фарҳанги “Тоҷикон”-ро намунаи  олии ватандорӣ унвон кардаанд. Бобоҷон Ғафуров дар фаъолияти роҳбарии худ ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги машғул мешуд. Пешомадҳои стратегии ҷумҳуриро андеша намуда, роҳҳои мушаххаси амалӣ гардонидани онҳоро муайян мекард. Ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ―7‖ июли соли 2022 таҳти рақами АП-227 дар бораи соли 2023 баргузор кардани озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърих» маро водор сохт, ки аз таърихи номгузории гимназияи 24- и шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ташкили осорхона дар ин боргоҳ хотираҳои худро рӯйи қоғаз  биёрам, чунки тарбия намудани ҷавонон дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо назар кардан ба таърихи миллат вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад. Пас аз номгузорӣ шудани мактаб,  бо иқдоми директори гимназия Гавҳар Арипова ва дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ашӯров дар назди мактаб осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шуд. Барои  ҷамъ кардани маводҳо гуруҳи корӣ ташкил карда шуд, ки ман он вақт вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбияро дар гимназия ба уҳда доштам. Гуруҳи корӣ бо номи ―”Ҷӯяндагон» бо фарогирии 11 нафар аъзоёни комиссия таъсис дода шуд. Ҳар як аъзои гуруҳ вазифаи худро дошт. Дар давоми 3 моҳи истироҳати тобистона зиёда аз 2500 ҳазор номгӯйи ашё ва экспонатҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳоло дар осорхона маҳфуз аст. Корҳои тарғиботиву ташкилӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Декабри соли 1988 бахшида ба 80-солагии фарзанди фарзонаи миллат дар гимназия конференсияи Ҷумҳуриявӣ бо иштироки муаллими Бобоҷон Ғафуров Ҳасанов Абдуғаффор ва фарзанди он кас олими шинохта Усмонҷон Ғаффоров баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки ташаббуси мо аз тарафи МИҲД-и ш.Хуҷанд дастгирӣ ёфта ягона фарзанди Бобоҷон Ғафуров Нинел Бобоҷоновна ба ш.Хуҷанд даъват карда мешаванд. Вохӯриҳо бо шахсони донандаи ҳаёт ва фаъолияти ин марди сиёсатмадор ба мо руҳу илҳоми тоза мебахшид. Бо таклифи духтари Бобоҷон Ғафуров Нинел Боҷоновна ва маслиҳати гуруҳи кории гимназия ба ман насиб гашт, ки барои дарёфти экспонатҳои нав ба шаҳри Москва сафар намоям. Дар Маскав маро Нинел Бобоҷоновна хуш пазируфтанд ва барои осорхона додани экспонатҳо, расмҳо аз ҳаёти падар ваъда карданд, лекин рӯзи дигар хабар доданд, ки он кас бо сафари корӣ ба мӯҳлати як моҳ ба хориҷа доранд. Ҳамон рӯз маро насиб гашт, ки дар Академияи шарқшиносии ш.Маскав бо Олимҷон Ғафуров вохӯрам, ҷустуҷӯй карда то Академия омадам, маро дар назди дар посбонҳо пешвоз гирифтанд, пас аз пурсуҷӯй ба сӯйи утоқи кории он кас роҳбаладӣ кард. Ба утоқи корӣ ворид шудам, утоқи кории калони барҳаво дар пештоқ марде аз ҷой хеста маро пешвоз гирифтанд, бо дидани он кас аз чашмонам ашк ҷорӣ шуданд, ба назарам гӯё Бобоҷон Ғафуров омада истода бошанд.

-Биёед, духтарам, аз Ленинобод омадед?

 -Бале, гиря гулӯгирам карда буд.

 -Нағз омадед, касе шуморо озор дод?

-Не, Нинел Бобоҷоновна сафари корӣ доштаанд, аз ин хотирпарешон шудам.

Аҳволи маро пурсиданд, аз мақсади ман огоҳ шуданд, шод шуданд, ки дар зодгоҳашон ба муассисаҳои таълимӣ номи бародари зиндаёдашон гузошта мешавад. Бо ҳамсарашон Капиталина Ғафурова телефонӣ ҳамсӯҳбат шудам, он кас дар бораи китобхонаи бузурги Бобоҷон Ғафуров, лекин дар истироҳати меҳнатӣ ҳастанду имконияти бо ман вохӯрдан надоштанашон маълумот доданд. Пас аз сафари Маскав ба шаҳри Душанбе сафарӣ доштам. Дар он ҷо бо хоҳару бародарони Бобоҷон Ғафуров Тоҷинисо, Хайринисо ва як бародари дигарашон вохӯрдам. Аз он ҷо расми падарашон Сангинов Ғафур ва модарашон Розия Озодро барои осорхона дастрас намудам. Ҳамчунин якчанд китоб тӯҳфа карданд:”Таърихи мухтасари халқи тоҷик”, се ҷилд китоби “Таърихи халқи тоҷик”, “История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрской Социалистической революции 1917г.”.

Имрӯзҳо омодагӣ ба ҷашни 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори маъруф Бобоҷон Ғафуров дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он вусъати тоза мегирад. Хизмати Бобоҷон Ғафуров ҳамҷун директори Академияи шарқшиносӣ барои ошно намудани тамаддуни Шарқу Ғарб бо номи “Искандари Мақдунӣ ва Шарқ” ниҳоят бузург аст. Чи тавре ки Ҷаноби Олӣ дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” овардаанд:”Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Аз ин лиҳоз бо кӯмаку дастгирии Ҷаноби Олӣ китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷик дастрас карда шуд. Омӯхтани ин асарҳо, ташкил кардани осорхонаҳо, гузаронидани озмунҳо ба монанди “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, «Тоҷикон-оинаи таърих» аз он дарак медиҳад, ки мо - устодон дар таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кардан фаъол бошем. Хулоса, дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1 дигаргуниҳои зиёдеро дар соҳаи илму технология ва иқтисодиёт дида истодаем. Мо вақте бо таърих ва асарҳои таърихии алломаҳои тоҷик ошно мегардем, барои ҳамқадами замон шудан, ба пешравии миллат ягон ҳиссаи сазовори худро гузоштан, ворисони сазовори тамаддунсози ниёгон будан кӯшиш менамоем.

Имрӯз дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд, осорхона амал менамояд, ки дар ташкили он 35 сол пеш омӯзгорону шогирдони зиёд саҳми худро гузоштаанд: Арипова Гавҳар, Маҳмудова Гавҳар, Рустамов Юлдошбой руҳашон шод бод. Ман фахр дорам, ки  солҳои тӯлонӣ дар ин гимназияи номдори вилояти Суғд кор ва фаъолият намуда, хотираи ин абармарди таърихиро бо ҷамъи устодон ва шогирдон шод намудем.

Темирова Хайринисо Исломовна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд