Маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани  миллати тоҷикро  дар солҳои   ҷанги шарҳрвандӣ аз байн бурданд. Барҳақ аст, ки  мардуми мо  Сарвари худро Президенти  мардумӣ ном ниҳоданд. Чунки пешвои миллат худ аз байни халқ баромада ба дарду ғами халқ шарик ҳастанд.

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19 -  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, оғози сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи  ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро ки гуфта буданд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.

Ва ниҳоят санаи  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон ва самараи хирадпешагиву таҳаамули сокинони мамлакат буд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Пешвои муаззами миллат аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат мебошанд, ифтихор мекунад. 

Вале имрӯз дар ҷомеаи мо гурӯҳе ҳастанд, ки дар хориҷи кишваристода санги тӯҳмату бӯҳтонро бар сари давлат мерезанд. Онҳо бо ҳар баҳона “саҳм”-и хешро дар таъмини сулҳу суботи сар то сарӣ аз ҳама минбарҳо гуфта, аҷибаш он, ки дар таъмини сулҳу салоҳ нақши нерӯҳои мухолифинро бо сарвари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бештар медонанд. Аммо таърих исбот намудааст, ки агар Роҳбари давлат дар фосилаи  25 соли Созишнома ҳама бандҳои Созишномарои риоя намекарданд, сулҳ побарҷо намемонд.  Бояд ҳар яки мо донем, ки Ваҳдат ин асолати миллат аст. Ва ҳар яки мо садоқатро бояд бо кору пайкори созандаи хеш нишон диҳем. Зеро ҳувияти миллии мо дар сарҷамъист. 

Мо бо Пешвои миллатем.

 

 

Турсунов Х.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд