Тоҷикистон замоне барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ талош мекард, ки дар кишвар фазои муташанниҷи танинандоз буд. Ҳатто касе боварӣ надонист, ки ин миллати ҷангзада дубора эҳё мегардад.

Бояд қайд намоем, ки агар ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдату ягонагӣ барои аксар давлатҳои пешрафтаи рӯи олам, гузариш ба системаи ҷадиди давлатдории демократӣ бошад ҳам, Тоҷикистон ба мушкилӣ ба он ноил гардид. Зеро маҳз дар ҳамин давраҳо қувваҳои гуногуни динию мазҳабӣ, ки сохти конститутсионию демократиро намехостанд, расонидани таъсири худро оғоз намуданд. Чанд сол чунин нофаҳмиҳо миёни як қавму як миллат давом ёфта, он муаммои сарбастаеро бозгӯ буд, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи ақидаҳои кадом як хориҷиёнӣ ҷангҷӯ онҳо бо ҳамдигар сар басар мешуданд.

         Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистонро дар тамоми олам ҳамчун кишвари дорои Истиқлолияту озодӣ ва фазои фарҳангӣ дошта мешиносанду эътироф мекунанд. Зеро хуб дар хотир дорем, ки ҳатто замони таҳкими сулҳу субот дар кишварамон дар газетаву нашриётҳо мақолаҳои чоп гашта буданд, ки тамоми халқиятҳои ҷаҳон ба сулҳофаринию меҳанпарастии мардумони саодатманд таҳсину офарин хонда буданд. Албатта онҳо низ дарк мекарданд, ки ин ҳама дастовардҳо бо шарофати иттиҳодию сарҷамъи ва тифоқии мардуми якдилу якзабон ба даст омадааст.

         Маҳз бо шарофати ҳамдилию ҳамбастагӣ миллати тоҷик машҳури рӯи дунё гашт. Ҳамин якзабонию гиромидошти арзишҳои милливу маънавии диёрамон буд, ки маро ба ҳам овард, умри Тоҷиокистонро безаволу поянда гардонд ва мардумонро ба саодати бегазанд насиб донист.

Ҳамаи моро мебояд, ки Ватанамонро аз дасти хоинону ҷоҳилоне, ки қадру қиммати Ватанро намедонанд наҷот диҳем. Ба касе чун душманони Тоҷикистонанд рӯи хуш надода, баръакс барои аз ин марз гумном кардан талош намоем, зеро аз дасти онҳо танҳо вайронкориву иғвогарию дасисабозӣ бармеояду халос. Онҳо ҳеҷ гоҳ ғами ободии Тоҷикистонро намекунанд, зеро ҳадафи асосии онҳо ба сари қудрат омадан ва ба ин васила ҷорӣ кардани оинҳои бегонапарасти дар миллати мо аст.

         Мо ҳадафи стратегии кишварамонро хеле хуб медонем ва бояд ҳама бо якҷоягӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои эъмори кохи сулҳу ваҳдати безавол камари ҳиммат намуда, миллатамонро аз чашми бади нохалафон эмин дорем. Ҳатто замони ҷангу нофаҳмиҳо миёни мардум намояндагону ходимон миёни мардум тарғиб менамудаанд, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми бадбинон нагардида ба хотири суботи ҷомеа якдилона талош намоем. Пулпарастию муфтхӯрӣ оқибат халқияту миллатҳои тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба бегонапарастию ҳурофотпарастӣ оварда расонидааст.

         Агар якояки мардуми худогоҳ ба хотири хураммиву дилшодии хеш камари ҳаммат баста, барои рушди суботи мамлакатамон ташаббус нишон надиҳанд, он вақ ин давлати ободу озод тӯъмаи нафароне хоҳад гардид, ки пешравии миллати тоҷикро намехоҳанд.

 

Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд